Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРАББО

МУРАББО

murabboМУРАББО, навъи ширини, меваи дар шира пухташуда. Асосан аз мева, гучуммева, сабзавот ва шакар мепазанд. Хелхои зиёд дорад. Масалан, Мураббохои бихи, анчир, нок, ангур, харбуза, шалгам, каду, гелос, олу, олуча, сиёхолу, тут, шохтути замини, сабзи ва гайра.

Мураббои бихи, бихиро чор хисса карда, тухмашро мегиранд ва реза (гаф-

сиаш 0,5 сантиметр) карда, ба дег ё ягон зарфи дигар меандозанд ва об рехта, мечушонанд. Баъди чушидан онро бо кафлес гирифта, шарбаташро аз софи мегузаронанд ва аз сари нав ба дег рехта, шакар (аз хисоби 1,5 килограмм

ба 0,5 литр шарбат) андохта мечушонанд. Ба болои киёми чушидаистода бихипорахои аз шарбат чудо карда гирифтаро меандозанд. Баъди 5—6 дакика чушидани Мураббо оташи онро паст карда, то ранги сурдтоб гирифтан ме- чушонанд. Барои 1 килограмм бихи 1,5 килограмм шакар лозим аст.

Мураббои олу, олуи нагз пухтаро 5— 6 дакика ба оби гарм андохта мемонанд ва баъд чанд чои олуро сурох мекунанд ё онро бо корд мебуранд. Дар дег киёмро тайёр карда, гармо- гарм ба болои олу рехта, 15—20 соат мемонанд. Баъд меваро чудо кар­да, киёми онро бори дуюм мечушонанд ва боз ба болои олу рехта, як шаборуз нигох медоранд. Ба 1 килограмм олу 1,5 килограмм шакар, 0,5 литр об ва барои ба Мураббои тайёр рехтан 10—15 катра чавхари лиму лозим аст.

Мураббои сабзи, аз сабзии сурх пухтан бехтар аст, зеро он дар тарки- би худ каротини бисёр дорад. Пус­ти сабзиро тоза карда, гирда-гирда мебуранд ё чун сабзии палав наргаси мекунанд. Сабзиро дар об 8—10 дакика чушонида мегиранд. Аз шакару чавхари лиму киём тайёр карда, ба он сабзиро меандозанд ва баъд дар оташи паст мепазанд. Ба 1 килограмм сабзи 6 истакон шакар, 3 истакон об ва камтар) чавхари лиму лозим аст. Мураббои сабзиро бо занчабил, дорчив ва заъфарон истеъмол меку­нанд.

Мураббои каду, кадуро баъди тоза кардани пусту гирифта партофтани тухмаш пора мекунанд. Баъд дар оби шакардор чушонида, баъди нимпухт шуданаш ба он асал, канд ва андаке об илова карда, боз мечушонанд.

Мураббои ш а л г а м, шалгамро дароз- дароз бурида, 3 руз дар намакоб ни­гох медоранд ва баъд шуста, 3 рузи дигар дар оби соф мемонанд. Баъд аз дур шудани намакаш онро обу асал андохта, мечушонанд. Мураббои шалгамро низ мисли Мураббоии сабзи бо занчабил, дорчин ва заъфарон истеъмол намудан хуш аст.

Барои хама гуна Мураббо сифати киём ахамияти калон дорад. Агар Мураббо то­за пазад, он гох мевахои дохили ки­ём як чо гун намегарданд ва киём шаффоф мешавад. Кисми Мураббои пухта дар оби хунук тез хал намеша­вад. Барои бехтар намудани таъм ва ранги Мураббо чавхари ванилин,  заъфарон ва гайраро истифода мебаранд.

Адабиёт: Аминов С- В а н у и  в ич . Таомхои точики, Душанбе, 1967; Фарханги забони точики. Китоби 1, Ммосква 1960.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.