Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУРАББАЪ

МУРАББАЪ

chorgonaМУРАББАЪ (ар. c— чоргона, чоркунча), 1) як санъати бадеии лафзи. Шоир чахор мисраъ ё чахор байтро ба тарике мегуяд, ки агар онхоро ба чахор пора чудо карда, хар пораро дар чахор хонача навишта, аз чап ба рост (дар хатти араби аз рост ба чап) ё аз боло ба поён хонем, боз хамон мисраъ ё байти матлуб хосил шуда, маънию шакли онхо тагйир намеёбад:

  1 2 3 4
1. ба чонат нигоро ки дорй вафо
2. нигоро вафо кун ба дил бечдфо

Чунин Мураббаъ, ки чахор мисраи он хам аз арзу хам аз тул хонда шавад, мураббаъулмисраъ, аммо агар чахор байт ба равиши зерин бошад, мураббаъулабьёт хондаанд:

2) Яке аз шаклхои шеърие, ки дар бандаш аз чор мисраъ иборат буда, ду тарзи кофиябанди дорад: аааа, боба, ввва… ё ки аааг, бббг, вввг… Аммо устодони шеър хамчун Саъдии Шерози ва Ибни Ямин аз доираи ин талаботи маъмул берун баромадаанд. Банди аввали Мураббаъи онхо ба мисли кофиябандии рубои (ааба) ва дубайти (абвб) буда, танхо аз банди дуюм тарзи кофиябандии маъмул риоя шудааст. Дар бан­ди охирин тахаллус низ зикр ёфтааст. Эчодкори Мураббаъ Рудакист, Аз асри 11—12 Мураббаъ хамчун шакли мустакили шеъри дар назми форс-точик ривоч ёфт. Дар назми советии точик хам равнак гирифт. Аммо дар адабиёти муосир бо такозои замон, навчуии шоирон ва таъсири назми рус на танхо дар мавзую мундаричаи Мураббаъ, балки дар сохту тарзи кофиябандии он низ тагйироти чидди ба амал омад. Садриддин Айни, А. Лохути, Мирзо Турсунзода, Пайрав Сулаймони, М. Рахими ва дигар баробари идомаи анъанахои мураббаънависони гузашта як кисми Мураббаъхои худро дар шакли кофиябандии якдармиён (абаб), дудармиён (абба), хамхудуд (аабб) тарзи кофиябандии дубайти (абвб), кофиябандии рубои (ааба, ввов) ва гайра. навиштаанд. Дар адабиёти имруза ба шакли бандхои Мураббаъ навиштани достон ба назар мерасад. Чунончи, достони «Хасани аробакаш*-и Мирзо Турсунзода дар асоси бандхои чормисраи навишта шуда, дар бан­ди он ба тарики кофиябандии ду­байти (абвб) тартиб ёфтааст.

С. Имронов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.