Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУОМИЛОТ

МУОМИЛОТ

muomilotМУОМИЛОТ, муомалот (араби чамъи —алока, муносибат, робита) дар иктисодиёт, шакли мубодилаи моли бо махсуди мехнат ва дигар предметхои шахси. Муомилот баробари истехсолоти моли пайдо шуда­аст. Муомилот аз мубодилаи бевоситаи мол (Мол—Мол) бо он фарк мекунад, ки ба воситаи пул (Мол—Пул—Мол) амали ме­шавад. Шакли иктисодии Муомилот ивазшавии шакли арзиш, табдил додани мол ба пул ва пул ба мол аст. Дар давраи истехсолоти оддии моли максади Муомилот асосан мубодилаи мах- сули мехнат мебошад. Дар давраи капитализм Муомилот характери умуми ме- гирад ва на танхо махсули мехнат, балки кувваи коргари низ ба мол табдил меёбад, замин, сарватхои зеризамини ва чангал объекти харидк фуруш мегарданд. Муомилоти капиталисти характери стихияви дошта, дар шароити хусуси будани воситахои истехсолот амали гардонида мешавад ва хамчун омили ба вучуд овардани арзишии изофа ва фоида хизмат мекунад. Муомилат аз як тараф, ба истехсолоту таксимот, аз тарафи дигар ба истеъмолот таъсир расонда, зиддияти байни онхоро мураккаб ва тезу тунд мегардонад. Дар шароити капитализм таъмини корхонахо бо воситахои истехсолот ва фуруши моли онхо вазифаи дар як фирма ё монополия буда, ба воситаи бозор дар асоси акта хариду фуруш, ракобат ва анархияи истехсолот амали мегардад. Дар чамъияти сотсиалисти Муомилот характери плани дорад ва дар шароити моликияти чамъияти будани воситахои истехсолот амали гардида, таъминоти модди- техникии истехсолоти чамъияти ва савдои предметхои истеъмолии шахсиро дар бар мегирад. Муомилот дар давраи сотсиализм аз ракобатхо озод буда, барои конеъ гардонидани талаботи мехнаткашон хизмат мекунад. Ба воситаи Муомилот истеъмолкунандагон молхоро аз истехсолкунандагон ме- гиранд, байни шахру кишлок робитаи иктисоди баркарор мекунанд, принсипхои сотсиалистии таксимот мувофики мехнатро чори менамоянд. Давлати сотсиалисти талаботу таклифоти ахолиро нисбат ба мол ба хисоб гирифта, микдори пулро дар Муомилот муайян менамояд ва нархро ба план мегирад. Дар давраи сотси­ализм воситахои асосии истехсолот, замин, сарватхои зеризамини, беша, фабрика, заводхо предмети хариду фуруш набуда, кисми зиёди молхо, ки дар Муомилаанд, махсулоти корхонахои дав- лати, кооператсияи матлубот ва колхозхо мебошанд. Просесси Муомилот дар шакли савдои давлати, кооперативию колхози бо предметхои истеъмоли шахси ва таъминоти модди-техникии истеъмолкунандагон бо молхои барои ис- техсолот пешбинишуда ба амал тадбик карда мешавад. Органхои таъминот ва савдо талаботу таклифотро меомузанд, Муомилоти воситахои истехсолот ва предметхои истеъмолиро ташкил мекунанд. Муомилоти воситахои истехсолоти дохили сектори давлати аз Муомилоти предметхои истеъмоли фарк мекунад. Дар просесси Муомилот воситахои истехсолот, ки аз як корхона ба корхонаи дигар мегузаранд, чун моликияти давлати боки мемонанд. Дар гардиши предметхои истеъмоли сохиби мол иваз мешавад (ба ахоли фурухтани мол ба_ воситаи магазинко, хариду фуруши молхо дар байни гражданхо, ба давлат фурухтани махсулоти хочагии кишлок аз тарафи колхоз ва мехнаткашон). Предметхои истеъмолии шахсиро хар кас метавонад озодона бихарад. Кисми зиёди воситахои истехсолот ба фуруши озод нарафта, мувофики плани таъминоти моддию техники дар байни корхонахо таксим мегардад. Предметхои истеъмоли дар бозорн колхози ба воситаи савдои чаканаи магазин- хон давлатй ва кооперативы харнда, воситахои истехсолот ба корхоиаю ташкилотхо ба воситаи органхои таъминот расонида мешаванд. Тач- ричаи ба савдои яклухти воситахои истехсолот гузаштан, ки дар зами­наи ислохоти иктисоди амали мегарданд, далели десентрализасия ва боз хам такмил ёфтани шакли фу­руши махсулот, баланд гардидани роли Муомилот дар просесси такрористехсоли сотсиалисти, пурзур шудани таъсир ба таксимот ва истеъмоли махсулоти чамъияти мебошад.

Фуруши номахдуди мол, табдили он ба шакли пули (Пул—Мол) шарти

асосии такрористехсоли мунтазами сотсиалисти аст. Гардиши мол боиси Муомилоти пули, яъне харакати накдинаи пул дар просесси мубодилаи мол мегардад. Пул ба доираи Муомилот дохил гардида, дар фуруши молхо хизмат мерасонад ва хамчун воси­таи адои карз амал мекунад. Мик­дори пули барои Муомилот зарури бо мик­дори моли фурухташуда, нарх ва суръати гардиши пул муайян карда мешавад. Фарки Муомилоти пули аз Муомилоти моли ин аст, ки хар як мол дар до­ираи Муомилот муваккати, аммо пул дар Муомилот доими аст. Чамъияти сотсиалисти ба Муомилот аз руи плани умуми рохбари карда, онро аз нуктаи назари вазифахои сохтмони коммунисти, инкишоф медихад.

Адабиёт: Маркс Карл, Капитал, том 1—3; Ленин Владимир Илич, Хатари тахлука ва чорахои пешгири кардани он, Асархо, чилди 25; программаи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети, Душанбе, 1979.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …