Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУОХИДАХОИ БАЙНАЛХАЛКИ

МУОХИДАХОИ БАЙНАЛХАЛКИ

muohidai-baynalkhalkiМУОХИДАХОИ БАЙНАЛХАЛКИ, ба маънои васеъ хама гуна созишномахои байналхалкие, ки хукук ва ухдадории мутакобилаи давлатхои ба онхо имзогузошта ва ба таври расми тасдик кардаро мукаррар ме­кунанд. Вале, одатан Муохидахои байналхалки гуфта созишномахои байналхалкиеро мено- манд, ки муносибати давлатхоро дар ягон сохаи махсус (нигаред Шартномаи байналхалки) ба тартиб меоранд.

Муохидахои байналхалки бисёртарафа бештар ахамият доранд, чунки онхо хуччатхои конунгузории байналхалкию хукуки буда, нормахои характери умумидоштаро дар бар мегиранд. Ин гуна Муохидахои байналхалки  ба чанд гурух таксим меша­ванд: 1) Муохидахои байналхалкие, ки тартиби хукукии ин ё он территория ё ягон ухдадории сиёсии ба он алокамандро мукаррар мекунанд. Бори аввал ин гу­на Муохидахои байналхалки  ба хуччати хотимавии Конгресси Вена (солхои 1814—15) дохил карда шуд, ки карори Оид ба эъти- роф ва кафолати бетарафии доимии Швейсария»-ро дар бар мегирифт. 2) Муохидахои байналхалки оид ба хукук дар бахр. Соли 1958 дар Конференсияи Женева оид ба ин масъала як силсила Муохидахои байналхалки  имзо шуданд: Оид ба бахри кушод; До­ир ба бахри территорияви ва минтакаи ба он пайваст; Оид ба шелфи минтакави; Доир ба мохидори ва хифзи сохилхои бахри кушод. Ба ин гурух муохидахое низ дохил мешаванд, ки тартиби хукукии истифодаи каналхои байналхалки, дарёхои байналхалки, гулутоххои байналхалки ва масъалахои конкретии киштигардии бакриро дар бар мегиранд. Муохидахо оид ба хифзи кабелхои телеграфии зерноби (1884); Оид ба ёрию начотдихи дар бахр 1910); Оид ба тартиби бандархои бахри (1923); Оид ба хифзи хаёти инсон дар бахр (1960) ва гайра аз хамин кабиланд. 3) Муохидахои байналхалкие, ки тартиботи хукукии фазо ва парвози киштихои хавоиро мукаррар мекунанд. Чунончи: Оид ба авитсияи байналхалкии граждани (1944); Оид ба як хел кардани баъзе коидахое, ки ба боркашони хавоии байналхалки тааллук доранд (1944); Оид ба эътирофи байналхалкии хукук ба киштихои хавои (1948) ва гайра 4) Силсилаи Муохидахои байналхалкие, ки масъалахои тадкики фазои кайхонро ба тартиб меоранд.

5)         Муохидахои байналхалкие, ки ба мухофизати хукуки инсон, хукукхои сиёси, иктисоди ва граждании ахоли равона шудаанд: Муохидаи байналхалки дар бораи хукукхои инсон; Оид ба вазъияти хукукии фирориён (1951); Оид ба хукукхои сиёсии занхо (1952); Оид ба рох надодани хукукпоймолкуни дар сохаи маориф (1960); Оид ба бархам задани хамаи шаклхои хукукпойколкунии нажоди (1965) ва гайра.

6)         Муохидахои байналхалки   доир ба масъалахои мубориза бар зидди чинояткори: Доир ба гуломдори (1926); Оид ба мубориза бар зидди интишори нашрияхои пор­нографи (1923); Оид ба мубориза бар зиддн сохтани пулхои калбаки (1929); Муохидахои байналхалии  ягона оид ба мухаддирот (1961) ва гайра. 7) Муохидахои байналхалки  доир ба муборизаи якчояи давлатхо ба му- кобили чиноятхои зидднинсони: Оид ба пешгирии чинояти катли ом ва чазо додан барои он (1948); Ба эътибор нагирифтани гузаштани мухлат барои чиноятхои харби ва чиноятхои зиддиинсони (1968) ва гайра. 8) Муохидахои байналхалкии конуну коидахои чанг. 9) Муохидахои байналхалки оид ба масълахои хукуки дипло­матию консули: Конвенсияи Вена оид ба муносибатхои консули (1963); Конвенсия оид ба супоришхои махсус (нигаред низ Хукуки консули). 10) Муохидахои байналхалки   бахшида ба вазъияти хукукии ташкилотхои байналхалки, шахсони масъул ва кормандони онхо. 11) Муохидахои байналхалки   оид ба халли осоиштаи масъалахои бахснок ва мунокишахои байналхалки. Муохидахои байналхалкие, ки ба шароити мех- нат дахл доранд, онхоро Ташкилоги байналхалкии мехнат (ТБМ) кабул мекунад.

Силсилаи махсуси Муохидахои байналхалкие мавчуданд, ки коидахои умумии бастан, тагйир додан ва катъ кардани амали шартномаву созишномахои байналхалкиро муайян мекунанд.

Дар конференсияи ТДМ доир ба хукуки бастани шартномахои бай- налхалки (1968 ва 1969) бори аввал дар бораи хукуки шартномахои бай- налхалки Муохидахои байналхалки   кабул шуд. Гурухи алохидаи давлатхо метавонанд Муохидахои байналхалкии регионали кабул кунанд.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …