Маълумоти охирин

МУНДИГАК

mundigakМУНДИГАК, осори бошишгохи давраи  энеолит, биринчи ва ибтидои асри охан дар Афгонистони Чанубист, 55 километр шимоли гарбтари ш. Кандахор вокеъ аст. Солхои 1951—58 экспедисияи франсавихо тадкик кард. Дар кабатхои поёнии археологи (oxири хазораи 4 то милод) осори бошишгохи дехконон ёфт шуд. Бошандагони махал дар чархи  кулоли маснуоти сафолии мунаккаш месохтанд. Онхо мисро низ истифода мебурданд. Дар кабати болоии археологи хайкалчахои сафоли ва мухрхои санги, дар кабати миёна (мансуб ба хазораи 3 то милод) ашёхои рехтаи миси ва биринчи, кабрхои умуми ёфт шуданд. Бозёфтхо аз равобити сокинони Мунда бо кабилахои Осиёи Миёна Хиндустон, Эрон, Балучистони Шимоли шаходат медиханд. Давраи  нашъунамои маданияти махалли охираи хазораи 3 — аввали хазораи 2 то милод рост меояд. Хайкали санги ва ёдгорихои бошукухи меъмори (ибодатгох ва хавлию кароргохи (хокими махалли), зарфхои бо расмхои хайвонот ва наботот ороёфта  ба даст омаданд. Дар хазораи 2 то милод маданяти Мунда ру ба таназзул нихода, худуди бошишгох хурд гардид, маснуоти сафоли дасти тайёр карда мешуд. Кабатхои болоии Мунда ба миёнаи хазораи 1 то милод мансубанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …