Маълумоти охирин

МУНДА

mundaМУНДА, гурухи халкхои Хиндустон (аз чумла худи мунда, санталхо, хо, кхариа, корку, савара, гадаба, чуанг, бирхорхо, бухумичхо ва гайра), ки асосан дар чануби штати Би­хор, штатхои Орис, Банголаи Гарби зиндаги мекунанд. Шумораашон такрибан 7,5 миллион нафар. (1978). Ба забо­ни мунда гап мезананд. Ба дини дорои унсурхои анимистии бо хиндуия омехта эътикод доранд. Мунда авлоди кадимтарини ахолии Хиндустон мебошанд, ки аз истибдоди халкхои дравид ва баъдтар хиндуэрони дар нохяхои чангалзори кухии Хиндустони Маркази панох ёфтаанд. Мунда аз охири асри 18 зери асорати мустамликадорови антлис афтод. Солхои 1818-20, 1855—95 шуришхои калони миллии озодихохонаи халкхои Мунда ба 1908 амал омаданд. Мунда аз чихати тараккиёти ичтимоию иктисоди ва этники даврахои гуногунро аз cap мегузаронанд. Баробари халкхои пешкадам (Мунда, санталхо ва гайра), инчунин гуруххое (чуанг, бирхорхо) хастанд, ки акнун аз шикор ва чамъоварии меваю реша ба дехконии оддитарин мегузаранд ва дар рузгори онхо бисёр бокимондахои сохти авлоди-кабилави вучуд доранд. Машгулиятхои асосии Мунда дехкони (шоли, арзан, лубиё, сабзавот), аммо дар зиндагии онхо шикор ва чамъоварии меваю реша низ роли махсус мебозад.  Aз хунарманди кулоли, бофандаги, кандакори таракки кардааст. Кисми Мунда дар кухкори ва саноати металлурги кор мекунад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …