Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУМТОЗ Мухаммадобид ибни Мухаммадаобид

МУМТОЗ Мухаммадобид ибни Мухаммадаобид

personМУМТОЗ  Мухаммадобид ибни Мухаммадаобид (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва хаттоти асри 17 точик. Аз оилаи хунарманд. Дар Самарканд касби камол карда, дар шеъру шоири шогирди Бадеи Ча- молистони (Самарканди) будааст. Ба таъкиди Тохири Насрободи дар фанни шеър аз устодаш бештар шухрат доштааст. Мумтоз мувофики маълумоти Малехо шоири сохибдевон будааст, вале девонаш то ба хол пайдо нест. Намунахои ашъори у, ки асосан aз газал ва рубои иборатанд, дар мачмуаву баёзхои асрхои 17 ва 18 дучор мешаванд. Дар ашъори Мумтоз зимни мавзуъхои анъанавй баъзе андешахои ахлокию ичтимои ифода ёфтаанд. Аз намунахои эчодиёти бокамондаи шоир бармеояд, ки у нисбат ба вокеияти замон ва ахли давлату сарват назари танкиди доштааст. Лирикаи Мумтоз саршори фараху хаётдустист. Забони асархои Мумтоз соддаву фахмост ва бисёр таъбиру таркибхои нав дорад. Мумтоз хаттоти мохир низ буда, дар давраи кахтию гуруснаги (нимаи дуюми асри 17) аз пешаи хаттоти руз мегузарондааст.

Адабиёт: Мирзоев А., Сайидо Насафи и его место в истории таджикской ли­тературы, Сталинабад, 1954. Х. Самадов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …