Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУМТАНЕЪУЛВУЧУД

МУМТАНЕЪУЛВУЧУД

muholМУМТАНЕЪУЛВУЧУД (араби— вучудаш номумкин, буданаш мухол), истилоди фалсафаи асримиёнагии Шарки Наздику Миёна барои ифодаи чизе, ки хастии он мухол аст. Ба акидаи файласуфони машшоъ Мумтанеъулвучуд чизест, ки адам, яъне нести барои он зарур аст. Агар ба­рои вочибулвучуд будан ва барои имконулвучуд ба вукуъ пайвастан зарур бошад, барои Мумтанеъулвучуд  ин амр но­мумкин аст. Мумтанеъулвучуд  ин хилофи имконулвучуд (мумкинулвучуд) аст, зеро чизи мумкин дар шароити муайян аз кувва ба феъл табдил меёбад. Чунон ки Абуалн ибни Сино мегуяд: «Бидон, ки хар холе, ки ходис шавад пеш аз вучуд, мумкинулвучуд бошад, ки агар на чунин бошад, мумтанеъ бошад» («Ишорот ва танбехот», Техрон, 1332, д. ш., сахифаи 184).

К. Олимов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …