Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЛТАТУЛИ

МУЛТАТУЛИ

personМУЛТАТУЛИ (Multaluli) (тахаллус; ном ва фамилия Эдуард Дауэс Дек­кер; 2. 3. 1820, Амстердам —19. 2. 188/, Нидер-Ингелхейм, хозира Ингелхейм, Республикаи Федеративии Германия), нависандаи нидерланд. Аз оилаи капитани киштии бозоргони. Аз соли 1838 дар идораи мустамликавии нидерлавдии Хиндустон (Индонезия) хизмат кар­дааст. Хангоми хизмат дар Ява вазъияти индонезидоро сабук кардани шуда, ба зиддияти сахти амалдорон ва феодалхои махаллй дучор мегардад ва ба истеъфо мебарояд. Солхои дароз дар шахрхои Нидерланд, Бел­гия, Германия оворагарди карда, дар кашшоки ва махрумият умр ба cap бурдааст. Фаъолияти адабиашро солхои 40 cap карда буд. Муаллифи романхои «Макс Хавелаар…» (1859), «Мактубхои ошикона» (1861), асархои публисистии «Дар бораи мехнати озод дар Хиндустони нидерланди (1862), «Гуфтугу бо японхо» (1862), «Сухбатхо» (1869), «Гояхо» (Н. 1—7, 1862—77) ва гайра мебошад, ки дар онхо мустамликадори ва умуман сохти капиталистиро танкид карда­аст. Асархои реалистонаи Мултатули ба та- раккиёти адабиёти нидерланди, афкори чамъиятии Европа, ташаккули чахонбинии аввалин маорифпарварон ва ходимони харакати миллии Индонезия таъсири калон расондаанд.

Адабиёт: Ошис В. В., Мултатулн. Биб­лиографический указатель, Москва. 1971.

Основание:  Избранные произведения, Москва.1949.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …