Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЛЛОЁРИ ВАНЧИ

МУЛЛОЁРИ ВАНЧИ

personМУЛЛОЁРИ ВАНЧИ  Ёрмухаммад (таваллуд 1825 дехаи Гума­яки Ванч— соли вафоти номаълум), шоири точик. Дар шеърхояш Ёри тахаллус мекард. Дар чанде аз баёзхо, махсусан баёзи шоири дарвоз  Авлиёхусайн баъзе маълумоти тарчумаихолиро оид ба ин шоир дарёфт намудан мумкин аст: дар оилаи дехкони миёнахол ба дунё омада, бо рохи худомузи савод бароварда, аз чавони ба шеъргуи шуруъ кардааст. Аабаски хушхат буд, чанде дар дарбори шохи Дарвоз ба сифатп мирзо хизмат намудааст. Вале баъдтар ба сабаби бад шудани муносибаташ бо шох ба Бухоро гурехта, дар он чо ба Мадраса дохил мешавад, Муллоёри Ванчи пас аа хатми тахсили илм сафари Маккаро пеш гирифта, аз он чо барнагаштааст.

Аз осори Муллоёри Ванчи намунахое дар ба­ёз ва дигар манбаъхои адаби, инчунин дар байни халк боки мондаанд. Мавзуи ашъораш гуногун аст. Акса- ри шеърхояш ба ягон вокеаи рузмарраи хаёти ичтимоиву сиёсии давр, тасвири ахволи вазнину токатфарсои дехконони кухистон ва  бахшида шудаанд. Муллоёри Ванчи дар мазаммату танкиди шохи Дарвоа, козиву муфти, вазир, рухониён шеърхои зиёди хачви сурудааст:

Худоё, гар зи ман боши ту рози, нигах дор аз хуруши кавми кози.

На зулм аз козиву на аз раисам, Малул аз муфтии мазхарнависам.

Ки шон гаштанд бо эшон мушавваш, Асо дар дасту бар курон асокаш.

Ба хам гаштанд хамчун халкаи чим, Дилошон танг хамчун чашмаки мим…  Ашъори ишкии лирикиаш низ хеле дилпазир аст. Аа чихати сабку услуб эчодиёти М.уллоёри Ванчи чолиби диккат аст. Шоир асосан дар вазни аруз менавишт. Аз чихати мавзуъ, тарзи баёз ва мазмун баъзе шеърхои у ба фолклор наздиканд. Муллоёри Ванчи ба за­бони адаби, инчунин ба лахчаи мар- думи Дарвоз шеър гуфтааст ва шоири дустдоштаи мардуми Дарвоз буда, дар ин диёр дар бораи у наклу ривоятхои зиёде ба вучуд омадаанд; у кахрамони латифахои халки низ карор ёфтааст.

Адабиёт: Климчицкий С. И., Дарвазские фахлавийат, дар китоби.: «Труды Таджикистанской базы Академии Наук  Союза Советских Социалистических Республик СССР», том IX Издательство  Академии Наук Союза Советских Социалистических Республик СССР, Москва—Ленинград, 1940; Намунахои фолклори Дарвоз, Сталинобод. 1955.          

Б. Расо

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …