Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУЛЛОЧОНОВА Шоиста Рубиновна

МУЛЛОЧОНОВА Шоиста Рубиновна

personМУЛЛОЧОНОВА Шоиста Рубиновна (таваллуд 3. 9. 1925, Душанбе), сарояндаи советии точик (сопранои лирики). Артисти Халкии Республикаи Советии Сотсиалистии  Точикистон (1957). Фаъолияти сарояндагиаш соли 1941 дар ан­самбли рубобчизанони Филармонияи давлатии Точикистон огоз ёфт. Соли 1943 Омузишгохи педаго­гии занонаи Сталинободро хатм намуда, хамчун хунарпешаи филар­мония фаъолияташро идома дод. Солхои 1947—53 дар Консерваторияи Москва тахсил намуд. Муллочонова хусусиятхои мактаби вокалии классикии рус ва миллии точикро мохирона бо хам омезиш медихад. Солхои 1953—58 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айни кор кардааст. Партияхои ичрокардаи у: Махин («Тохир ва Зухро»-и А. Ленский), Гулизор («Шуриши Восеъ»-и С. Баласанян), Мар­фа («Аруси шох»-и Н. Римский-Кор­саков), Микаэла («Кармен»-и Ж. Бизе), Гулчехра («Оршин-моло- лон»-и У. Хочибеков), Татьяна («Евгений Онегин»-и П. Чайковс­кий) ва дигар. Солхои 1958—75 саро­яндаи Филармонияи давлатии Точикистон. Ичрокунандаи сурудхои халки ва классикии точики, таронахои халкхои Шарк ва республикахои бародари. Бо программахои консерти ба Эрон, Франсия, Юнон, Кана­да, Хиндустон, Индонезия, Дания, Финляндия, Таиланд, Камбоча, Бир­ма, Голландия сафари хунари кар­дааст. Иштирокчии дахахои санъат ва маданияти точик дар Москва ва республикахои иттифоки. Лауреати фестивали умумииттифоки ва умумичахонии чавонон ва студентон дар Москва (1957, медали тилло). Аз соли 1975 муаллимаи калони Институти давлатии санъати Точикистон. Бо ордени Ленин, орденн Байраки Сурхи Мехнат, 2 ордени «Нишони Фахри», 4 медал, Грамотахои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон ва дигар республикахои иттифоки мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …