Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЛЛОЧОНОВ Масъуд

МУЛЛОЧОНОВ Масъуд

personМУЛЛОЧОНОВ Масъуд (таваллуд 3. 11. 1929, Душанбе), мунаккид ва публисисти советии точик. Аз оилаи хизматчи. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоки Совети  КПСС аз 1959. Коркуни Хизматнишондодаи маданияти Республикаи Советии Сотсиалистии  Точикистон (1979). Институти давлатии педагогии Душанберо хатм карда (1949), дар аспираптураи назди он тахсил на- мудааст; дар идораи газетаю журналхои республикави, телевизион ва радио, шуъбаи пропаганда ва агитасияи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Точикистон ва «Точикфилм» кор кардааст. Аз соли 1968 сармухаррири журнали «Памир» ва котиби Правленияи Иттифоки Нависандагони Точикистон; аз 1970 мухбири махсуси «Литератур­ная газета» мебошад. Аввалин такриз ва маколахояш соли 1951 чоп шу­даанд. Муаллифи мачмуаи маколахои «Хамдами замон на хамнафаси халк»(1962), «Накши замон» (1977) ва рисолаи «Холик Мирзозода» (1963), китоби «Портретхо» (1981). Мурат- тиб ва муаллифи якчанд китобхои коллективи, ба монанди «Норак» (1974), «Худуди шучоат» (1976, ба забони руси), «Хикояхо дар бораи Точикистон» (1977, ба забони руси). Маколахои танкиди ва портретхои адабиаш доир ба забт ва эчодиёти адибони советии точик, инчунин очерку маколахои публисистиаш дар матбуоти умумииттифоки чоп шудаанд. Повести Сорбон «Занги аввал»- ро ба руси тарчума кардааст. Матни чанд филми хуччати низ ба кала­ми Муллочонов тааллук дорад. Аз соли 1961 узви Иттиходи Нависандагон Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР. Бо медали «Барои мех- нати шучоатнок. Ба муносибати 100- солагии рузи таваллуди Владимир  Илич Ле­нин», Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Руспубликаи Советии Сотсиалистии Точикистон ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии  Бухоро мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …