Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУЛКАК

МУЛКАК

lathyrusМУЛКАК (Lathyrus mulkak), гиёхи бисёрсолаест аз оилаи лубиёихо. Баландиаш 65—120 сантиметр; пояаш сершохча, баргаш мураккаб (аз 2— 4 чуфт баргчахо иборат), хушагулаш 2—6-гула, гулаш калони сурх ё бунафши сурхтоб, гилофакаш 4— 6-тухма, тухмаш кахваранги холдор. Моххои май—сентябр гулу мева мекунад. Растании хоси (эндеми) Помиру Олой аст. Дар бешаи пахнбарг, арчадор, дашт, алафзор, урану торонзор, нишебихои регу санглох ва гайра (1200—3000 метр аз сохили бахри), асосан дар каторкуххои Зарафшон, Хисору Дарвоз меруяд.

Мулкакро гову асп нагз мехуранд. Дар таркибаш (дар айёми гул) 0,67% канди халшаванда, 6,51% гемиселлюлозахо, 26,75% сафеда, 26,75% протеин, 1,48% равган, 9 мг% каро­тин (провитамини А) ва гайра дорад. 100 килограмм хошоки Мулкак 21,13 кгилограмм протеини хозим дошта, 82,79 вохиди хуроки мебошад. Дони Мулкакро чушонида ба таом меандозанд.

Ад.: Флора Таджикской ССР, т. 5, Л., 1078.    Ы. Р. Расулова.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …