Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ КОРГАРОНИ НОРАК

МУКОФОТИ КОРГАРОНИ НОРАК

nurekМУКОФОТИ КОРГАРОНИ НО­РАК, мукофоти адабии коргарони ГЭС-и Норак, ки соли 1974 мувофики шартномаи хамкории байни бинокорони ГЭС ва идораи журнали «Дружба народов» таъсис ёфтааст. Мукофоти коргарони Норак хар сол як маротиба барои бехтарин асари замонави, ки дар «Дружба народов» ба табъ мерасад, дода ме­шавад. Соли 1974 аввалин бор нависанда К. Симонов барои асари хуччатии «Рузхои гуногуни чанг» сазовори Мукофоти коргарони Норак гардид; инчунин С. Дангулов барои «Пули охангарон» (1975), В. Жалакявичус барои киноповести «Кенвтаврхо» (1976), В. Тенд­ряков барои повести «Хусуф» (1977) ва Н. Дунбадзе барои романи «Конуни абадият» (1978), Ю. Семёнов барои повести «ТАСС ухдадор аст изхорот дихад…» (1976), А. Адамо­вич барои романи «Чазодихандагон» (1980), Г. Бакланов барои повести «Бародари хурди» (1981) ба он мушарраф шудаанд.

Н. Файзуллоев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.