Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУКОФОТИ БА НОМИ ФИРДАВСИ

МУКОФОТИ БА НОМИ ФИРДАВСИ

firdavsiМУКОФОТИ БА НОМИ ФИРДАВСИ, мукофотест, ки бо ташаббуси Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР ва Эрон мукаррар гардидааст (1969); дар дар ду сол як маротиба ба чор нафар гражданинхои дар ду мамлакат (аз хар ду тараф ду нафари) барои хизматхояшон дар таълифи асархои илми адабиётшиноси ва осори адабиёту санъат, ки барои мустахкам намудани муносибатхои дустона ва равобити фархангии хар ду кишвар ёри мерасонанд, дода мешавад. То хол аз хар ду мамлакат инхо сазовори Мукофот гардидаанд:

1975 — аз Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР — академик Б. Б. Пи­отровский — директори Эрмитажи давлатии Ленинград; профессор Шоислом Шомухаммадов — проректори Университети давлатии Тошкент ба номи Владимир Илич Ленин, барои тадкикоташ рочеъ ба адабиёти классикии форс- точик, махсусан «Шохнома»-и Фир­давси; аз Эрон — Шучоуддини Шафо — мутахассис оид ба адабиёти чахони; Парвиз Нотили Хонлари — забоншинос ва адабиётшиноси эрони.

1978 — аз Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти Союз Советских Социалистических Республик СССР —профессор А. Н. Болдырев — мудири кафедраи фило­логияи эронии Университети давлатии Ле­нинград ба номи А. А. Жданов, ба­рои асархои илмиаш оид ба таърихи адабиёти форс-точик, эроншиносии умуми ва хозир кардани матни илмини интикодии «Бадоеъ-ул-вакоеъ»-и Зайнуддини Восифи; Расул Хамзатов — Шоири Халкии Догистон барои офаридани силсилаи «Шеърхои форси», ки дар онхо бо як са- мимияти бехамто дусти ва муносибатхои софу бегаразонаи халки со­вети нисбат ба халки Эрон тараннум гардидааст; аз Эрон — Забехуллохи Сафо барои асардхояш оид ба адабиёти классикии форс-точик ва таърихи инкишофи илм дар мамолики Шарк; Мехрии Ахи — профессор кафедраи адабиёти рус ва адабиёти мукоисавии Университети Техрон, барои хизматхояш дар ташкилу ба рох  мондани омузиши забон ва адабиёти рус дар Эрон. Мехрии Ахи инчунин асархои Михаил Юревич Лермонтов «Кахрамони даврони мо» ва Ф. М. Досто­евский «Чиноят ва чазо»-ро ба забони форси тарчума кардааст.

Т. Бойматова.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.