Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУКАДДАСИ Абуабдуллох Мухаммад ибни Ахмад

МУКАДДАСИ Абуабдуллох Мухаммад ибни Ахмад

nophotoМУКАДДАСИ Абуабдуллох Мухаммад ибни Ахмад (946/47, Бай-тулмукаддас — 1000), сайёх, муаррих ва географи араб. Дар бораи у маъ-лумоти тарчумаихоли кам аст. Муккадаси ба мамлакатхои Шарк борхо сафар карда, соли 985 асари «Ахсан-ут-такосим фи маърифат-ул-аколим» («Бехтарин таксимот дар маърифати иклимхо»)-ро таълиф намуда, ба хонадони Со-мониён тухфа кардааст. Асар аз мукаддима ва ду фасл иборат аст. Фасли 1 тавсифи умумии давлатхои Шарк, фасли 2 тавсифоти таърихию географии Хуросон, Систон ва Мовароуннахрро дар бар мегирад. Мукаддаси дар он рочеъ ба мавкеи чугрофии давлатхо, вилоятхо ва шахрхо (Бухоро, Самарканд, Марв, Хучанд), ёдгорихои меъмории онхо (Мадрасахо, масчидхо, корвонсаройхо, бозорхо) ва гайра маълумоти нодир гирд овардааст. Дар китоб инчунин дар бораи урфу одат, тарзи зиндаги, либос, машгулият (дехкони, хунарманди, чорводори, тарзи обёри), ченаки дарози, вохиди пул, дин, забонхои халкхои Осиёи Миёна (сугдиён, хоразмихо, форсхо, туркхо ва гайра) маълумоти пуркимате мавчуд аст. Нусхахои алохидаи асар дар китобхонахои Берлин, Истамбул ва Москва махфузанд. Соли 1877 китоб аз тарафи шаркшинос де Гуе дар Лейден ба забони немиси тарчума ва нашр гардид.

Адабиёт: Материалы по истории туркмен и Туркмении, том 1, Москва—Ленинград, 1930. А. Валиев.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …