Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУХТОРОВ Ахрор

МУХТОРОВ Ахрор

muhtorov_ahrorМУХТОРОВ Ахрор (таваллуд 5.11.1924, шахри Уротеппа), муаррихи советии точик, доктори илмхои таърих (1971). Аъзо-корреспондент Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  (1978).

Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС аз соли 1952. Баъди хатми мактаби миёна солхои 1939—41 аввал донишчуи факултети коргари, баъд институти муаллимии Душанбе. Солхои 1941—42 муаллими мактаби миёна, 1942—47 дар сафхои Армияи Совети. Соли 1951 факултети таърихи Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кард ва то соли 1955 муаллим ва аспиранти хамин институт буд. Аз соли 1954 дар Академияи Фанхо низ кор карда, аз соли 1959 мудири сектори таърихи асрхои миёнаи Институти таърихи Академияи Фанхои Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  аст. Тадкикоти Мухторов масъалахои мухталифи таърихи асрхои миёнаи хал-ки точикро дар бар мегирад. У садхо хуччатхои таърихи, ёдгорихои эпиграфиро, ки барои омухтани таърихи муносибатхои истехсолии феодали ва харакатхои халки дар Осиёи Миёна кимати калони илми доранд, ба нашр тайёр кард. Мухторов олими шахир ва шорехи номи буда, яке аз муаллифони китоби дарсии «Таърихи Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон » барои мактабхои оли ва миёна, асари сечилдаи «Таърихи халки точик» мебошад. Зиёда аз 25 асар ва 150 маколаи илми, илмию оммави таълиф кардааст. Мухторов иштирокчии конгрессхои XXV (Москва), XXVI (Хиндустон) байналхалкии шаркшиносон, Конгресси XIII муаррихон дар Москва ва 3 кон-ференсияи байналхалкии ЮНЕСКО оид ба маданияти Осиёи Маркази (1968 — Душанбе, 1969 — Самарканд, 1972 — Ашкобод) мебошад. Бо 3 медал ва Грамотаи Фахрии Президиума Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон  мукофотонида шудааст.

Асос: Материалы по истории Ура-Тюбе Сборник актов XVII—XIX ввеков. (составил, А Мухторов), Москва, 1963; Очерк истории Ура -Тюбинского владения в XIX века, Душанбе, 1964 Резьба по дереву в долине Зарафшана, Москва, 1966; Дильшод и ее место в истории общественной мысли таджикского народа в XIX — начале XX вв., Душанбе, 1969; Позне-средневековый Балх (к исторической топографии города в XVI—XVIII вв.), Душанбе.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …