Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХТОРИИ ГАЗНАВИ

МУХТОРИИ ГАЗНАВИ

nophotoМУХТОРИИ ГАЗНАВИ Хаким Бахоуддин ибни Умар (1081/82, Газна —1118/19, хамон чо), шоир ва донишманди форс-точик. Аввалхо «Усмон» тахаллус мекард. Мухтории Газнави аз илмхои нучум, хандаса, риёзиёт, тиб, хикмат, хадис, фикх, адабиёти араб ва гайра бахравар будааст. Харчанд ки бевосита шогирди Масъуди Саъди Салмон набуд, уро устоди худ дониста, дар баъзе касидахо васф намудааст. Санои Мухтории Газнавиро устоди худ медонад. Мухтории Fазнави такрибан дар хамаи навъхои асосии назми классики шеър гуфтааст. Касидахои Мухтории Fазнави асосан дар мадхи шохони газнави ва баъзе шохзодагони салчукианд. Мухтории Fазнави дар каси-дагуи бештар ба равияи Азракии Хирави, Унсури, Муиззи ва Масъуди Саъди Салмон таваччуд дошт. Дар ашъораш аз санъатхои лафзи бештар истифода кардааст. Махсусан, таркиббандхояш латифу равонанд. Маснавихои «Шахриёрнома» ва «Хунарномаи Ямини» ба калами Мухтории Fазнави та-аллук доранд. Дар «Барзунома»-и Ато ибни Яъкуб саргузашти писари Сухроб — набераи Рустам баён гардидааст. «Шахриёрнома» ба саргузашти Шахриёр — писари Барзу бахшида шуда, давоми мантикии «Барзунома» аст. Мавзеи амалиёти «Шахриёрнома» Хиндустон мебошад. Мундаричаи гоявии асар ба сиёсати пешгирифтаи Газнавиён мувофик кунонда шудааст. «Хунарномаи Ямини» ба яке аз мансабдорони замони шоир Яминуддавла Амир Исмоил бахшида шудааст. Дар ин маснави баъзе нуктахои мухими тарчумаи холи Мухтории Газнави, акидаву афкори у баён гардида, инчунин вукуфи шоирро аз масъалахои нучум ва фалсафа то андозае маълум мекунанд.

Адабиёт: Б e p т e л ь с Е. Э.. История персидско-таджикской литературы, Москва, I960. Т. Неъматзода.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …