Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУХТОРИЯТ

МУХТОРИЯТ

muhtoriyatМУХТОРИЯТ (аз араби— ихтиёр кардашуда, сохибихтиёр), хукуки худидоракуни, халли мустакилонаи масъалахои давлати дар доираи хукукхои худ. Мухторияти совети натичаи Револютсияи Октябр аст. Дар территорияи баъзе республикахои иттифоки гайр аз миллатхое, ки номи онхо ба республика гузошта шудааст, дигар халкхои гуруххои милли якчоя зиндаги менамоянд, ки онхо бо хусусиятхои хоси тараккиёти хочаги, маишат аз мада-нияташоп фарк мекунанд. Онхо сохиби Мухторият (автономия) мебошанд. Мухторият— мустакилона ба амал баровардани хокимияти давлати ва худидоракунии насли дохили, ташкили органхои хокимияти худ, суд, маъмурият, мактабхо, муассисахои чамъиятию сиёси, маърифати ва гайра. мебошад. Мухторияти совети инкишофи озодонаи миллатхоро таъмин намуда, шакли миллии давлатдориро дар назар дорад, ки дар доираи он худмуайянкунии миллат ба хаёт гузаронида мешавад. Мухторияти совети милли мебошад, яъне дар асоси ба назар гирнфтани бутунии муайяни иктисоди, хусусиятхои таркиби милли ва маиши дар территорияхои муайян ташкил карда мешавад. Вай бо гуногунии шаклхои худ фарк дорад. Дар байни онхо республикахои автономи , вилоятхои автономи ва округхои автономи хастанд.

Дар Мухторияти совети хамаи органхои хокимияти давлати, идоракунии давлати, суду прокуратура аксаран аз ашхоси миллату халкиятхои тахчои иборат буда, чун коида ба забонхои миллие, ки Мухториятро ташкял кардаанд, кор мебаранд. Мухимии ин принсип аз он иборат аст, ки барои инкишофи маданияти милли шароити хаматарафа мухайё мекунад. Мухторияти совети шакли с и ё с и в у маъмури дорад. Мухторияти сиёси дар давлати автономияи милли (республикаи автономи) тачассум ёфта, дорои хукукхои васеъ, конститусия, органхои олии хокимияти давлати ва гайра мебошад. Мухторияти маъмури (вилояти автономи, округи автономи) танхо ба доираи идоракуни дахл дорад, ки кафолати хукукии онхоро конуни махсус («Конун дар бораи вилояти автономи», «Конун дар бораи округи автономи») муайян мекунад. Дар Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР алхол дар 5 республикаи иттифоки (Республикаи Сосетии Федеративии Сотсиалистии Россия, Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон, Республикаи Советии Сотсиалистии Гурчистон, Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойчон ва Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон) 38 вохиди территориявии автономи — 20 республикаи автономи, 8 вилояти автономи, 10 округи автономи мавчуд аст.

Конститусияи нави Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР аввалин бор дар таърихи конунгузории конститусионии совети бо мавкеи хукукии Мухторияти совети боби махсус бахшид, ки ин аз хаёти будани идеяхои ленинии Мухторият хамчун воситаи нашъунамо ва наздикшавии минбаъдаи миллатхо шаходат медихад.

Адабиёт: Конститусияи (Конунии асосии) Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти, Душанбе, 1977: Конститусияи сотсиализми мутаракки, Душанбе, 1979.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.