Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУХТОРИЯИ КУКАНД

МУХТОРИЯИ КУКАНД

kokand«МУХТОРИЯИ КУКАНД», хукумати буржуазии миллатчии Туркистон, ки Съезди 4-уми Фавкулодаи мусулмонони кишвар дар Куканд (9—12 декабри 1917) эълон кард. Миллатчиёни Туркистон дар атрофи ташкилотхои аксулинкилобии Алаш, Шурои исломия ва Шурои уламо муттахид шуда, шиори болшевиконро оид ба хукуки худмуайянкунии миллатхо ба манфиати худ истифода бурдани шуданд. Онхо Программаи дар Туркистон бархам додани Хокимияти Совети, нест намудани хамаи ташкилотхои револютсиони, химояти молу мулки боёну феодалхо, конунхои шариат, баркарор намудани хонии Куканд, аз Россияи Совети чудо кардани Туркистон ва дар зери рохбарии Туркия муттахид намудани хамаи мусулмононро ба миён гузоштанд. Ба «Мухторияи Куканд». Мустафо Чукаев ва Чанишев рохбари мекарданд. «Мухторияи Куканд» бо амири Бухоро, атаман А. И. Дутов ва полковник И. М. Зайсев оид ба амалиёти якчояи зидди Хокимияти Совети забон як кард. Болшевикон бо сардории раиси Совети Куканд Е. А. Бабушкин ва комиссари халкии мехнати кишвари Туркистон П. Г. Полтораский дар байни омма мохияти «Мухторияи Куканд*-ро ошкор намуданд. Ба армияи «Мухторияи Куканд* сардори д астаи босмачиён Эргаш рохбари мекард. Тарафдорони «Мухторияи Куканд * 10—11 феврали 1918 кушиш намуданд, ки ба воситаи ярок калъаеро, ки дар он рохбарони Советхо буданд, ба даст дароранд, вале ин кушиши онхо натичае надод. 19—22 феврали 1918 баъди чангхои шадид отрядхои аскарони сурх якчоя бо коргаронн Куканд, «САНТО» ва «Кизил Кия» куввахои мусаллахи «Мухторияи Куканд»-ро торумор намуданд. Эргаш бо дастаи хурди худ гурехт. 22 феврали 1918 шартномаи сулх ба имзо расид, ки баъди он хокимият пурра ба дасти Советхо гузашт.

Адабиёт: 3 е в е л е в А. И., Из истории гражданской войны в Узбекистане. Ташкент. 1959. Ш. Чалилов, А. Кодиров.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.