Маълумоти охирин

МУХТОР Аскад

asqad_muxtorМУХТОР Аскад (таваллуд 23.12.1920, Фаргона), нависандаи советии узбек. Аз оилаи коргар. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоки Совети КПСС аз соли 1954. Соли 1942 факултети филологияи Университети давлатии Осиёи Миёнаро хатм намудааст. Мудири кафедраи адабиёти узбеки Институти давлатии педагогии Андичон (1942—45), котиби масъули газетаи «Ёш ленинчи» ва «Кизил Узбекистона (1945—48). Котиб (1953) ва чонишини раиси Правленияи ИН Узбекистон (1965), солхои 1960—65 мухаррири журнали «Шарк юлдузи», 1969—81 мухаррири журнали «Гулистон». Асархояш аз соли 1938 нашр мешаванд. Достони аввалинаш «Авлоди мо» соли 1939 ба табъ расидааст. Мавзуи синфи коргарро тадкик кардааст: достони «Пулодрез» (1947), мачмуаи ашъори «Хамватанони ман» (1949), мачмуаи очеркхо ва хикояхои «Шахри пулод» (1950) ва газетаи Романи «Хохарон» (1954, тарчумаи токики 1961 ба иштироки фаъолонаи зани узбек дар саноати бофандаги ва пешрафту ташаккули маънавии вай бахшида шудааст. Иштироки чавонон дар яке аз сохтмонхои бузург дар ромави «Тавлид» (1961) инъикос ёфтааст. Дар романи «Чанор» (1969, Мукофоти давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон ба номи Хамза, 1973) таърихи халки узбек дар мисоли такдири як хонавода акс ёфтааст. Дар «Киссаи карокалпоки» (1958) ва достони «Абадзинда» (1969) Мухтор ба мавзуи таърихии револютсиони мурочиат карда, ташаккули характери кахрамононро нишон додааст. Романи «Давр дар кисмати ман» (1964) аз чихати мавзуъ ва услуб дар адабиёти советии узбек ходисаи нав мебошад. Мухтор дар инкишофи адабиёти бачагонаи узбек низ сахми арзанда дорад: мачмуаи песахои «Ба неки — неки» (1949), шеърхои «Аз самими калб» (1956), хикояхои «Бачагони дунё» (1962) ва гайра. Муаллифи якчанд маколахои адабии танкиди. Ба забони узбеки асархои Александр Сергеевич Пушкин, Михаил Юревич Лермонтов, Максим Горкий, В.ладимир Владимирович Маяковский, Тарас Григоревич Шевченко ва дигарро тарчума кардааст. Асархояш ба забони халкхои Иттифоки Республикахои Советии Сотсиалисти СССР ва хоричи тарчума гардидаанд. Бо 2 орден ва медалхо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …