Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУХКММАДИЕВ Содик

МУХКММАДИЕВ Содик

nophotoМУХКММАДИЕВ Содик (таваллудаш 1898, Бухоро — 1960, Тошкент), ходими давлати ва партиявии совети, иштирокчии фаъоли харакати револютсиони дар Осиёи Миёна. Аъзои КПСС аз соли 1919. Соли 1932 Академики тичоратии шахри Тошкентро хатм намуд. Дар шуриши соли 1916 ва харакати халкии Бухоро (1918) иштирок кар­дааст. Борхо таъкиб шуда, аз Бухо­ро ба Самарканд фирор кардааст. Соли 1920 бо отрядхои шуришгарони кушунхои Бухорои Сурх дар сарнагун кардани аморати Бухоро иштирок намуд. Баробари барпо шудани РХСБ якчанд сол дар вазифахои масъул кор кард. Солхои 1920—1923 ра­иси Комитети револютсионии Шахрисабз, комиссари халкии корхои дохилии Бухоро, 1924—1925 комиссари халкии зироат ва комиссари халкии саноати абрешими РСС Узбекистон . Соли1926 КМ ПК (б) Узбекистон Мухаммадро ба  РАСС Точикистон фиристод. Худи хамон сол чонишини раиси Комичроияи райони Кулоб таъин гардид. Баъд то соли 1933 дар Комис­сариат халкии таъминоти Точикистон, ташкилотхои гуногуни партиявию советии Хисор ва Кизил Мазор кор кард. Иштирокчии Конгресси 2-юми Интернатсионали Коммунисти (1920). Бо ордени Ситораи Сурх (дарачаи 1)-и РХСБ ва ордени Байраки Сурхн Мехнати РАСС Точикистон мукофотонида шудааст.

Ш. Чалилов, А. Кодиров.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …