Маълумоти охирин

МУХИТ

muhitМУХИТ (ар. — ихотакунанда), дар биология, мачмуи шароитхои гайриорганики (абиоти) ва органикии (биотин) зисти хайвонот, растанихо, микроорганизмхои гуногун. Шароитхои абноти аз омилхои химияви (таркиби хаво, об, хок ва гайра), фи­зики ё иклими (харорат, фишори барометри, чараён, заминаи радиатсиони ва гайра) иборатанд. Омилхол биоти мачмуи таъсироте мебошанд, ки организмхои дигар ба организмхои тадкикшаванда (растани, хайвон) ва гайра мерасонанд. Чунончи, организмхои гайр барои объекти тадкикшаванда манбаи гизо, мухити зист (масалан, ор­ганизме, ки дар он паразитхо чон гирифтаанд), воситаи афзоиш (гардолудшавии растанихо бо ёрии хашарот) ва пахншави шуда метавонанд. Хамин тарик омилхои биотии Мухит дар шакли таъсири мутанобили организмхои як биотсеноз зохир мегарданд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.