Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУХХАММАДИ ХОРАЗМШОХ

МУХХАММАДИ ХОРАЗМШОХ

nophotoМУХХАММАДИ ХОРАЗМШОХ Мухаммад ибни Такаш (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1220), шохи Хоразм (1200—1220). Мухаммади Xоразмшох бо максади мустахкам намудани иктидор ва ва­сеъ кардани сархади давлати Хоразмшохиён сиёсати падарро давом дода, бар зидди Карокидоиён, Аббосиён ва Гуриен чангид. Соли 1207 бо бахонаи пахш намудани шуриши Малик Санчар Бухороро ишгол намуд. Шикаст додани Карокидоиёя обрую эътибори Мухаммади Хоразмшохро дар тамоми Мовароуннахр афзуд. Уро дар хуччатхои расми «Искандари дуюм» ё «Султон Санчар» меноманд. Мухаммад Xоразмшох барои мустахкам кардани мавкеи худ дар Мовароуннахр амр кард, ки тамоми хокимони бокимондаи карохонии вилоятхои чу­догонаи Осиёи Миёна катл карда шаванд. Мухаммади Xоразмшох сиёсати забткориро дар Шарк давом дода, бо найманхои Кучлукхон, ки собик мулки Карокидоиёнро ба даст дароварда буданд, чан­гид. У дар хамон солхо Эрону Афгонистонро забт кард ва аз халифа талаб намуд, ки номаш ба хутба дохил карда шавад. Хамин тавр, давлати Хоразмшохиён дар давраи хукмронии Мухаммади Xоразмшох хеле васеъ гардида, сархади он дар Шарк то Хафтруд, дар Гарб то бахри Каспий, дар Шимол то бахри Арал, дар Чануб то Ирок расид. Аммо дар ин давлати бузург ягонаги вучуд надошт ва бо зури кувваи харби идо­ра карда мешуд. Асоси кушунхои давлатро кабилахои кипчокхо ташкил мекарданд. Торочгарихои кушунхо дар вилоятхои забтшуда кинаю адовати халкро бар зидди хукумати Хоразмшохиён зиёд мекард. Бинобар он вакте ки хучуми мугулхо (1219) бо сардории Чингизхон сар шуд, давлатро хама якдилона мудофиа накарданд ва мугулхо кушунхои уро торумор намуда, Мовароуннахр ва тамоми давлати Хоразмшохиёнро забт карданд. Мухаммади Xоразмшох ба Эрон гурехта, дар яке аа чазирахои чанубии бахри Каспий вафот кард

Ад.: История таджикского народа, т. 2, ки. 1. М., 1964.

Л. Чалилов.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.