Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МУХЧАЛОНИ

МУХЧАЛОНИ

mehchaloniМУХЧАЛОНИ, як навъ ангури миёнсоли. Селексияи халки. Асосан дар водии Хисори Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, инчунин вилоятхои Тошкент, Самарканд ва Фаргонаи Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон пахн шудааст. Токаш тезсабз, 35— 40%-и навдахояш хосилдех. Баргаш калони 3 — 5-парра, мудаввар, гулаш дучинса, хушааш калону зичиаш миёна, 230— 730 грамм, баъзан то 1500 грамм. Донааш калон, байзашакли гулоби, сершираю ширин, пусташ гафс, 1—3 дона тухм (вазни 100-тоаш 6,0 грамм) дорад. Баъди пухтан сурх мешавад, 16—22% канд ва то 8 грамм/литр турши дорад. Мухчалони гармипарвар, хушкитобовар, хосилаш миёна, дар заминхои лалмию обии офтобруя ва нишебихо нагз месабзад. Даври нашваш 145—150 руз. 20—25 май гул карда, июл—сентябр мепазад. Ба хисоби миёна 75—85 сентнер/гектар хосил медихад. Асосан барои тархури, майкаши ва дар корхои селексиони истифода мекунанд. Мухчалони бетшар аз антракноз, канаи ток, инчунин чел зарар мебинад.

Адабиёт: Ампелография Союз Советских Социалистических Республик, том 2, Москва, 1965; Сорта винограда Узбекистана, Ташкент, 1974.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.