Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУХАРРИКИ РЕАКТИВИ

МУХАРРИКИ РЕАКТИВИ

muhariki-reaktiviМУХАРРИКИ РЕАКТИВИ, мухаррикест, ки кувваи кашишро дар на-тичаи ба энергияи кинетикии чараёни реактивии чисми кори табдил ёфтани ягон намуди энергия (химияви, электри, ядрои ва гайра) ба вучуд меорад; хангоми аз соплои мухаррик бо шаст берун шудани чисми кори кувваи реактиви (акибзани) -е пайдо мешавад, ки мухаррик ва аппаратура  ба он насбшударо ба мукобили самти чараёни реактиви тела медихад. Дар вакти кори Мухаррики реактиви энергияи химиявии моддахои сузанда ба энергияи гармии махсулоти сузиш, энергияи гармии газхои тафсон бошад, ба энергияи механикии харакати пешравандаи чараёни реактиви (ва аз ин ру, ба энергияи худи аппарате, ки Мухаррики реактиви дар он гузошта шудааст) табдил меёбад. Кисми асосии харгуна Мухаррики реактиви камераи сузиш мебошад, ки дар он чисми кори хосил мешавад. Кисмси акиби камера, ки барои тезонда-ни чисми кори ва хосил кардани чараёни реактиви хизмат мекунад, соплои реактиви ном дорад. Вобаста ба он, ки хангоми кори Мухаррики реактиви мухити беруна истифода мешавад ё не, онхоро ба ду гурух чудо мекунанд; мухаррикхои хавоии реактиви (МХР) ва мухаррикхои ракети (МР). Мухаррикхои хавоии реактиви МХР дар вакти кор хавои атмосфераро истифода мебаранд ва массаи асосии чисми кории онхоро хавои атмосфера ташкил медихад. Хамаи компонентхои чисми кории мухаррикхои ракети МР бошад, дар борти аппарате чой мегирад, ки бо ин мухаррикхои ракети МР чихозонида шудааст. Махз аз ин ру аст, ки мухаррикхои ракети МР факат дар аппаратхои кайхони истифода мешавад (нигаред Мухаррики ракети, Мухаррики турбореактиви, Мухаррики турборакети ва гайра).

А. Хочиев.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …