Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУХАРРИКИ ГИДРАВЛИКИ

МУХАРРИКИ ГИДРАВЛИКИ

muhariki-gidravlikiМУХАРРИКИ ГИДРАВЛИКИ, мошинест, ки энергияи механикии сели моеъро ба энергияи механикии звенои пайрав (навард, шток) табдил медихад. Мухаррики гидравлики вобаста ба принсипи кораш ду навъ мешавад. Ба навъи якум мухаррикхое мансубанд, ки дар онхо звенои пайрав дар натичаи тагйир ёфтани моменти микдори харакати сели моеъ (гидротурбина, чархи об) чой иваз мекунад. Ба навъи дуюм ба истилох мухаррикхои хачми мансубанд, ки кисми кории онхо (поршен, пластина) аз таъсири фишори гидростатики (хангоми бо моеъ пур кардани камерахои кори) ва интиколи моеоти фишуранда чой иваз мекунанд. Дар мухаррикхои хачми звенои пайрав хам харакати пешравандаю бозгарданда ё ин ки харакати гардишдори бозгарданда, хамчунин харакати номахдуди даврзананда ичро карда метавонад. Навъи охирини мухаррики хачмиро гидромотор меноманд. Мухаррики гидравликии хачмиро дар гидрохаракатовари мошинхо истифода мебаранд. Фишори моеъи корни он то ба 35 Мн/м3 (350 кгк/см3) мерасад. Гидромоторхои иктидорашон то 3000 килоВат мавчуданд. Нигаред низ Турбинаи оби.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …