Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУХАРРИКИ ГАЗОТУРБИНИ

МУХАРРИКИ ГАЗОТУРБИНИ

muharriki-gazoturbinМУХАРРИКИ ГАЗОТУРБИНИ (МГТ), мухаррики хароратиест, ки дар он газ фишурда шуда метафсад

Мукаррики газотурбина: 1—компрессор; 2 — камераи сузиш; 3 — форсунка; 4 — агрегати сопло; 6 — чархи кории турбина; б — найчаи баромади газхои тафсон.

ва энергияи ин гази тафсон дар наварди турбинаи гази ба кори механики табдил меёбад (расм). Мухаррики газотурбини МГТ дар асоси зери фишори доими муттасил ё дар хачми доими мунфасил сухтани сузишвори кор мекунад.

Дар саноат аз хама бештар мухаррикхои газотурбинии сузишвориашон дар фишори доими муттасил сузанда сохта шудаанд. Дар ингуна Мухаррики газотурбини МГТ, хавои фишурдашудаи атмосфера аз компрессор ба камераи сузиш меояд; сузишвори низ ба хамин камера омада, месузад ва хаворо ме-тафсонад. Сипас, дар турбинаи гази энергияи махсулоти газшакли сузиш ба кори механики табдил дода мешавад. Кисми зиёди кори механики барои дар компрессор фушурдани хаво харч гардида, кисми бокимондаашро агрегати ба харакат овардашаванда мегирад. Мухаррики газотурбини МГТ бо сузишвории газшакл, моеъ ва сахт кор карда метавонад.

Барои зиёд кардани коэффисиенти амали муфид гармии гази аз турбина хоричшаванда дар сикли кории Мухаррики газотурбини МГТ барои баланд кардани харорати хавои фушурдашуда, ки ба камераи сузиш меояд, истифода мешавад. Дар мухаррикхои газотурбинии сиклашон сарбаст чисми кори баъди дар турбина ичро кардани кор берун партофта нашуда, балки дар сиклхои минбаъда иштирок мекунад.

Ин гуна мухаррикхои газотурбини зиёд кардани иктидори вохиди ва дар онхо истифода бурдани сузишвории ядроиро имконпазир мегардонанд. Мухаррикхои газотурбини дар стансияхои электрии харорати (барои ба харакат овардани генераторхо) ва стансияхои электрии сайёр ба сифати му-харрики самолёт, газотурбовоз, автомобил, танк, дастгохи куввагии киштихо, катерхо ва завракхои зериоби, инчунии барои ба харакат овардани мошину механизмхои ёрирасон (гаргара, насос ва гайра), дар объектхои техникаи харби хамчун дастгоххои куввагии энергетики ва ядаки ва гайра татбик карда мешаванд. Иктидори вохидии мухаррикхои газотурбинии истехсоли ватани беш аз 100 МВт, коэффисиенти амали муфидашон то 35% мебошад. Нигаред Мухаррики авиатсиони, Компрессор.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …