Маълумоти охирин
Главная / Техника / МУХАРРИКИ АВИАТСИОНИ

МУХАРРИКИ АВИАТСИОНИ

muharriki-aviatcionyМУХАРРИКИ АВИАТСИОНИ, мухаррикест барои ба харакат оварда­ни аппаратхои парши (дар хаво), мисли самолёт, вертолёт, дирижабл ва гайра.

Нахустин Мухаррики авиатсиони мухаррики бугии самолёти А. Ф. Можайский (1885) буд. Баъд Мухаррики авиатсиони дар асоси мухаррики дарунсузи поршени сохта шуд. Зарурати зиёд кардани суръату борбардории самолёт, омили асосии тараккии Мухаррики авиатсиони гардид. Минбаъд такомули Мухаррики авиатсиони бо рохи то рафт сабук гардондани хамаи чузъхои он (истифодаи материалхои махсуси матину мус­тахками сабук), тезондани просессхои кори (бо ин максад компрессорхои хаводамдихак истифода карда шуд) ва зиёд кардани к. а. м-и вин­ти хавои пеш рафт. Истифодаи редукторхое, ки басомади чархзании винти хавоиро нисбат ба басомади чархзании наварди мухаррик кам ме­кунад, ба рох монда шуд. Солхои 40 асри 20 Мухаррики авиатсиониии поршендор ба хадди иктидор расид. Зеро, минбаъд зиёд кардани иктидори мухаррик хеле афзун намудани вазну андозахои онро талаб мекард. Аз тарафи дигар, бо зи­ёд шудани суръати самолёт к. а. м.-и винти хавои кам шуда, ба минбаъда инкишоф додани суръатхои калон имкон намедод. Факат дар натичаи ба вучуд омадани турбинаи гази ва мухаррики реактиви барои сохтани самолёти суръати харакаташ аз суръ­ати садо зиёдтар шароит фаро расид. Вобаста ба сохт, намуд ва вазифа аппаратхои париши авиатсионии гуногун мухаррикхои авиатсионии гуногунро талаб мекунанд (чи аз чихати иктидору чи аз чихати принсипи  бавучуд оварда ва кувваи кашиш). Аз чихати ба вучуд овардани кувваи кашиш мухаррикхои аваатсиони вин­ти ва реактивыи мешаванд. Мухаррик­хои винти кувваи кашишро дар натичаи чарх занондани винти хавои ба вучуд меоранд. мухаррики реактиви бошад, кувваи кашишро дар натачаи аз соплои реактиви бо суръати калон берун кардани гази кории тафсон хосил мекунад. Мухаррик­хои авиатсио ни и винти поршендор ва турбовинти мешаванд. Дар Мухаррики авиатсионии турбовинти (МТВ), ки мухаррики муштарак аст, кисми асосии кувваи кашишро винти хавои хосил мекунад (онро турбинаи гази чарх мезанонад). Гайр аз ин, аз хисоби чори шудани махсули сузиш 8—12% кувваи кашиши реактивии иловаги ба вучуд меояд.

Бехтарин навъхои такмилёфтаи Мухаррики авиатсиони поршендор суръати самолётро факат то 690—720 км/с инкишоф дода метавонистанд. Онхо суръати аз як бешро ба вучуд оварда наметавонанд, зеро массаи хосашон (массае, ки ба вохиди иктидор рост меояд) калон асту ба винти хавои, ки бо калон шудани суръат к. а. м.-и он хурд мегардад, низ эхтиёч доранд. Мухаррики авиатсионии поршендор, одатан ба самолётхову (суръаташон 200—500 км/с) вертолётхо, Мушаррикхои авиатсионии турбовинти бо­шад, ба самолётхои суръаташон 500— 800 км/с ва вертолётхо шинонда мешавад. Мухаррикхои авиатсионии реактиви ба мухаррикхои реактивии хавои ва ракети чудо шуда, мухаррикхои ракети дар навбати худ ба мухаррикхои ракетии моеъи ва мухаррикхои ракетии сузишвории сахт таксим мешававд. Мухаррикхои реактивии хавои ду навъ мешаванд: компрессордор ва бекомпрессор. Маъмултарин ва комилтарин мухаррикхои реактивии хавоии компрессордор, ки компрессори он бо воситаи турбинаи гази чарх зананда мешавад, мухаррики турбореактиви (МТР) мебошад.

Аввалин МТР, ки дар охирхои Чанги Бузурги Ватани ба вучуд омада буд, суръати самолётро то ба 960 км/с расонда тавонист. Кувваи кашиши МТР бо зиёд шудани суръат (аз суръати карибуссадо сар карда) низ зиёд мешавад. Аз ин сабаб хам онро дар самолётхои суръаташон карибуссадо ва фавкуссадо истифода мебаранд. Дар асоси муштарак кардани мухаррикхои турбореактиви ва турбовинти мухаррики турбореактивии дуконтура (МТРД) сохта шуд.

Дар ин навъ мухарикхо турбина, гайр аз компрессор, агрегатеро низ чарх мезанонад, ки онро вентилятор (винтча) мономанд. Контури якуми (дохили ё марказии) ин навъ мухаррикхо ба сохти МТР монанд аст. Канали гирдогирде, ки атрофи контури якумро ихота нашуда аст, бо вентилятори дар пеши он чойгиршуда контури дуюми (берунии) мухаррикро ташкил медихад. Кувваи кашиши МТРД аз чамъбасти куввахои каши­ши контури якум, ки яун мухаррики турбореактивй кор мекунад ва кон- тури дуюм, ки чун мухаррики турбовинти амал мекунад, иборат аст. МТРД дар самолётхои суръаташон карибуссадо, масалан, самолётхои пасса­жири ва наклиёти истифода меша­вад. МТРД афзалиятхои хам мухар­рикхои турбореактиви ва хам турбовинтиро дар бар мегирад. Инкишофи минбаъдаи Мухаррики авиатсиони бо рохи таъмин намудани суръати калону авчи баланди парвоз, муттасил зиёд кардани борбардори ва дурпарвозии самолёт пеш меравад, ки ин ба вучуд овардани Мухаррикони авиатсионии кувваи кашишаш калон. масрифи сузишвориаш хаддалимкон кам, массаи хосаш хеле хурд ва за­хираи (мухлати) кориаш хеле калонро талаб мекунад.

Ад.: С к у б а ч е в с к и й Г. С., Авиа­ционные газотурбинные двигатели. М.,1974

А. Хочаев.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ

САМОЛËТИ ХАВОИЮ КАЙХОНИ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайхониро гуянд, ки сатхи баранда дорад ва бисёркарата …