Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУХАММАД

МУХАММАД

nophotoМУХАММАД  (такрибан 570, Мак­ка— 8. в. 632, Мадина), воиз (ташвикотчии дин) ва ходими сиёси, муассиси ислом. Аввалин тарчумаи холи Мухаммад нимаи дуюми асри 8 аз тарафи Ибни Исхок («Хаёти расули худо») тартиб дода шудааст. Мухаммад ба авлоди ашрофи бенавошудаи Бани Хошим (аз кабилаи Курайш) мансуб буда, барвакт ятим мондааст. Мухаммад аввал чупон ва баъд коргузор (мубошир) буд. Дар Арабистон ва берун аз худуди он бо ахкоми дини яхуди, масехухи ва таълимотхои дигари динию сиёси шинос гашд. Мухаммад ба точирзани бои Макка Хадиса хонадор шуд, ки ин барои комилан ба масъалахои динию ахлоки шугл варзидани у шароит фарохам овард. Мувофики ривоятхои дини такрибан соли 609 (ё 610) яке аз шабхои мохтобии мохи рамазон хангоми бедорхоби тавассути Чабраил вахйи илохи ба Мухаммад ошкор ва китоби (ба араби Куръон) улви (вай гуё дар олами улви тахти курсии Оллох махфуз буд) ба у нозил гардид. Гуё Чаб­раил аз номи Оллох Мухаммадро ухдадор намуд, ки ба хамватанони худ амру вахйи худовандро расонад. Пуштибонии хешу акрабо, хусусан Хадиса, боварии таассубомези Мухаммадро ба хакикати «илохйхи» будани таълимоташ кави намуд. Мухаммад эътикодхои кухнаи бутпарастиро рад намуда, таълимоти худои кодиру ягонаро ба онхо мукобил мегузошт. Тартиби босуботи тавхид, шомилии эътикоди чадид, ки сарфи назар аз мансубияти авлодию кабилави баробарии хамаи пайравонро эълон мекард, нихоят кобилияти фавкулодаи сиёсию ташкилотии Мухаммад дар байни кисме аз чамъияти Макка (асосан табакахои миёна) хамовози пайдо кард. Вале табакаи болоии чамъияти Макка таълимоти Мухаммадро ва писандид ва ба у зид баромад. Мукобилияти олигархияи тичоратии Макка Мухаммад ва тарафдоронашро мачбур сохт ба Ясрио (баъдтар — Мадина) сафар кунанд. Рузи аз Макка ба Ма­дина кучидани Мухаммадро хучрат (ба 22 сентябри 622-и солшумории мелоди рост меояд) меноманд. Баъди хичрат дар Хичозу Нач таълимоти нав интишор ёфт ва мачусият аа байн рафт. Солхои 630—631 мусулмонон бо сардории Мухаммад шахри Макка ва баъдтар кисми зиёди нохияхои кадимаи арабро ба тасарруфи худ дароварданд Мухаммад хамчун сарвари динию сиёси сардори давлати нави теократии исломи шуд.

Макбараи Мухаммад дар Мадина чои мукаддаси ислом ва зиёратгохи мусулмонон гардидааст (аз чихати дарача дар чои аввал Каъба меистад, ки дар Макка вокеъ аст).

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …