Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДРАХИМХОНИ II

МУХАММАДРАХИМХОНИ II

nophotoМУХАММАДРАХИМХОНИ II — (1844—1910), хони Хева (1663—1910), шоир ва охангсоз. Дар ахди Мухаммадрахимхони II чангхои байнихамдигарии феодалхо авч мегирад, бори андозхои гуногун зиёд мешавад, мачбуриятхои мехнати меафзоянд. Чангхои дохили хочагии халк шахру дехотро хароб мекарданд. Дар натича хонии Хева суст мешавад. Соли 1873 Россияи подшоди хонии Хеваро забт карда, Мухаммадрахимхони II -ро вассали худ  намуд. У бо тахаллуси Фируз шеър хам эчод карда­аст. Бо ташаббуси Мухаммадрахимхони II дар Хева матбаа ташкил шуда, тазкираи шоирони Хоразм «Мачмуат-уш-шуаро», асархои Навои ва бисёр девонхои шоирони Хоразм нашр гардиданд. Мухаммадрахимхони II хамчун бастакор ба «Шашмаком» 13 макоми «Рост» «Мухаммади чадиди Фируз», ба макоми «Сегох», «Сикили Фирузшох» ба макоми «Бузург», «Мухаммади Фируз» ва гайра) тасниф кардааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …