Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДМУРОДИ САМАРКАНДИ

МУХАММАДМУРОДИ САМАРКАНДИ

nophotoМУХАММАДМУРОДИ САМАРКАНДИ(соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусаввир ва минётурнигори охири асри 10  аввали асри 17 точик. Дар Самарканд ба дунё омадааст. Нозукихои санъати тасвириро дар зодгохаш омухта, махсусан дар манзараю размнигори шухрат ёфт. Аз таъкиби рухониён хамрохи Нодир- мухаммади Самарканди ва чанде хамкаламонаш ба Хиндустон рафт.

Мухаммадмуроди Самарканди яке аз мусаввирони сермахсул буда, то замони мо 115 минётураш (дар «Шохнома»-и Фирдавси, холо дар Институти шаркшиносии АФ РСС Узбекистон махфуз аст) расидааст. Дар мусавварахои «Турро куштани Манучехр», «Чанги Рустам бо Сухроб», «Писарони Арчандро ба дор кашидани Исфандиёр» дахшати чангу мухорибахои тан ба тан ва курбонихои майдони харбро инъикос намуда, чангу хунрезидоро махкум мекунад. Дар мусаввараи «Коваи охангар» дар симои Кова пешво ва додхохи халк ва дар мусаввараи «Сиёвуш» зебои ва шучоати инсонро тавсиф мекунад. Мухаммадмуроди

Самарканди анъанахои мактаби минётури Хиндро инкишоф дода, мусаввирони зиёдеро тарбия намудааст, ки Басвантх, Бидаши Гучароти. Иброхим Каххор, Банвари Хурд, Сури Гучароти, Парвин, Ром Дас ва дигарон аз чумлаи шогирдони у мебошанд.

А. Рачабов

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …