Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДИ ШОНАКИ

МУХАММАДИ ШОНАКИ

nophotoМУХАММАДИ ШОНАКИ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), мусикишиноси асри 13 форс-точик. Дар шахри Рай таваллуд шуда, дар Исфахон, Шероз ва зодгохаш ба тахсили илм пардохтааст. Мухаммади Шонаки фанни мусики, фалсафа, риёзиёт ва илми бадеъро мукаммал аз худ кардааст. У баъди камолот ба Багдод рафта, дар он чо бо мусикишинос Абдулмуъмини Сафиуддини Урмави ошнои пайдо кард ва ба таълифи асархои у «Рисолат- уш-шарафил» ва «Китоб-ул-адвор» маслихатхо дод. Мухаммади Шонаки дар назарияи мусики дониши мукаммал дошт ва бисёр донишмандони содаи мусики аз у таркиботи мусикиро омухтаанд. Мухаммади Шонаки бо унвони «Рисола фи илм-ил- мусики» («Рисола дар илми мусики») асари илмие боки гуаоштааст, ки аз таълифоти мухими он замон ба шумор меравад. У довраи «Дувоздахмаком»-ро тартиб дода, макомхоро ба дувоздах бурчи фалак нисбат додааст. Аз  кайли муаллифони хамзамонаш пайдост, ки у пайрави пифагоризм будааст. Доираи махсуси ма­комхоро тартиб додааст.

А. Рачабов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …