Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДИ ШАЙБОНИ

МУХАММАДИ ШАЙБОНИ

nophotoМУХАММАДИ ШАЙБОНИ— Шайбонихон (1451—1510, назди Марв), асосгузори сулолаи Шайбониён (аз соли 1500). Аз авлоди Шайбон, набераи Чингизхон. Дар овони чавони барои муттахид намудани кабилахои бодиянишин ва баркарор кардани давлати бобои худ — Абулхайрхон (1412—68) мубориза бурд. Дертар шахрхои Утрор ва Саирамро ба даст дароварда, охири асри 15 ба Мовароуннахр хучум кард. Соли 1499 Бухоро, 1500 Самарканд, 1505 Хоразм ва 1507 Хиротро ба худ тобеъ намуд. Дар хамаи шахрхои ишголи (Самар­канд, Бухоро, Марв, Сарахс, Балх, Хирет, Машхад, Нишопур, Тус ва гайра) бо номи худ пул сикка зад. Сиёсати дохилии Мухаммади Шайбони ба мустахкам намудани мавкеи заминдорони калон ва дастгирии кабилахои бодиянишини узбек нигаронида шуда буд. Дар за­мони хукмронии у сардорони кабилахои бодиянишини узбек ба заминдорони калони феодали табдил ёфтанд. Мухаммади Шайбони дар чанги зидди Исмоили Сафави халок гардид.

Ад.: Бартольд В. В., ШаЙбониды, Соч., т. 2, ч. 2, М., 1904.

Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …