Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДИ ОМУЛИ

МУХАММАДИ ОМУЛИ

nophotoМУХАММАДИ ОМУЛИ — (1282, Омул, Мозандарони Эрон — 1349, хамон чо), мусикишиноси форс-точик. Аввал дар зодгохаш тахсил намуда, барои такмили дониш ба Ирок, Туркия ва якчанд шахрхои Хуросон меравад ва дар илмхои фалакиёт, аруз, тиб ва мусики машхур мегардад. Чанд муддат дар мадрасахои Исфахони ва Султонияи Мозандарон тахсил намуд. Мероси илми- адабии Мухаммад Омули хеле бой буда, асари энсиклонедиаш «Нафоис-ул-фунун лй-ароис-ил-уюн» аз таълифоти барчастаи асримиёнагии форс-точик ба шумор меравад. Дар ин асар масъалахои мухими илмхои гуногун мавриди тахлил карор гирифтааст. Махсусан, кисмати мусикии «Нафо­ис-ул-фунун ли-ароис-ил-уюн»аз мухимтарин сарчашмахои хаттии илми- назарияви оид ба мусики буда, аз мукаддима ва панч боб иборат аст ва доир ба таркиботи мусики, хусусиятхои овозии он, овоза ва шуъбахо, адвор, созхои гуногуни мусики, тартиби пардаву тори онхо ва гайрахо бахс ме­кунад.

А. Рачабов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …