Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДИ НАСАВИ

МУХАММАДИ НАСАВИ

nophotoМУХАММАДИ НАСАВИ— Ахмад ибни Али ибни Мухаммади Мунши мулаккаб ба Шихобуддин (соли таваллудаш номаълум, калъаи Хурандизи назди ш. Нисо —1249, Халаб), муаррихи асри 13. Аз оилаи заминдори хурди хуросони.

М. Н. чанде дар хизмати хокимони махаллии хонадони Алй Хамза буда, с. 1224 ба хизмати Гиёссуддин (ба­родари Чалолуддини Хоразмшох) мегузарад. Баъди марги Чалолуддин дар хизмати хонадони Айюбиён бу­да, асари «Нафсат-ул-масдур»-ро ме­нависад, ки дар он хасби холи худро баён кардааст. Мухаммади Насави соли 1237 (ё 1239) вазирии яке аз хоразмиён — Баракахонро ихтиёр мекунад. 1241-1242 аса­ри машхури худ «Сират-ус-султон Чалолуддини Менгбурни» («Шархи холи султон Чалолуддини Менгбурни»)-ро ба забони араби менависад. Дар ин асар вокеахои солхои 1218—1231, аз чумла солхои охири хукмронии Мухаммади Хоразмшо хучуми Чингизхон ба Осиён Миёна ва Эрон ва муборизаи Чалолуддини Хоразмшох ба мукобили мугулхо муфассал баён ёфтаанд. Ин асар дар охири асри 13 ба забони форси тарчума шудааст. Нус­хаи арабиаш дар Париж, Кохира ва русиаш дар Боку нашр шудааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …