Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДИ КОШОНИ

МУХАММАДИ КОШОНИ

nophotoМУХАММАДИ КОШОНИ ибни Мирмуиззуддини Мухаммад (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1549), хаттот ва шоири форс-точик. Аз Мирхуббатуллоххи Кошони хати настаъликро омухта, дар навиштани он ба дарачаи устоди расид. Дар навиштани дигар намудхои хат низ шухрат ёфтааст. Мухаммади Кошони хати   настаъликро ба да­рачаи хушнависони Хуросон Махмуди Шихоби ва Мирзо Саидахмади Машхади менавишт. Мухаммади Кошони дар  сурудани шеър низ махорати комил дош­та, ба худ «Муъзи» тахаллус интихоб кардааст. Дар байни ашъори то ба мо расидаи у китъае хаст, ки дар он Мухаммади Кошони эътикодмандии худро ба хушнависон баён намуда, онхоро си­тоиш кардааст. Аз осори хаттотии у як нусхаи маколоти Абдуллохи Ансори ва як китъа аз мураккаъ дар Китобхонаи давлатии Техрон, 17 китъа аз мураккаоти мухталиф дар Китобхонаи авкофи Истамбул махфузанд.

К. Махсумов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …