Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДХАЙДАР

МУХАММАДХАЙДАР

nophotoМУХАММАДХАЙДАР (1409—1551), муаррих, ходими дав­латии Мугул ва Туркистони Шарки, набораи хони чагатой Юнус, писархолаи Бобур. Бобур уро Мирзохайдар номидааст. Мухаммадхайдар муаллифи асари таърихии «Таърихи Рашиди» (1541— 1547) мебошад, ки ба забони форси-точики навишта шудааст. Ин асар ба таърихи хокимони Мугул ва амирони Кошгар бахшида шудааст. Инчунин дар бораи ачдоди узбекхо ва вокеахои таърихии давраи Шайбонихон ба тафсил хикоят мекунад. «Таъ­рихи Рашиди» соли 1895 дар Лондон ба забони англиси тарчума ва чоп гардида, тарчумахои нопурраи турки, уйгурии он низ мавчуд аст. Он дар бисёр китобхонахои чахон, аз чумла дар шахрхои Ленинград, Душанбе, Тошкент махфуз аст. Мухаммадхайдар асари гео­графии худ «Чахоннома»-ро ба забони турки ба назм таълиф кардааст.

К. Бобоев.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …