Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАДАМИНИ ИНОК

МУХАММАДАМИНИ ИНОК

nophotoМУХАММАДАМИНИ ИНОК (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1785), хони Хева, асосгузори сулолаи инокхои кунгурот. Яке аз сардорони кабилнаи кунгурот буда, баъди голиб омадан бар кабилахои дигари бодиянишин соли17 63 хони Хева шуд. Ба Мухаммадамини Инок муяссар гардид, ки як кисми кабилахои узбек, амалдорони шахр ва феодалону ахкоми динро муттахид кунад. Барои мустахкаму васеъ намудани худуди давлати худ бо кабилахои туркман чангида, соли 1770 ба онхо зарбаи сахт зад. Соли 1782 хучуми амири Бухороро зада баргардонд. Дар замони хукмронии Мухаммадамини Инок дар дарбори хон шурое амал мекард, ки ба хайати он кушбеги, мехтар (сардори идораи молия) ва атолик (сарлашкар) дохил мешуданд. Гарчанде аъзоёни шуро аз номи хон фармонхо мебаровардавд, вале хокимият пурра дар ихтиёри Мухаммадамини Инок буд.

Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …