Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУХАММАДАЛИИ КУЧОНИ

МУХАММАДАЛИИ КУЧОНИ

nophotoМУХАММАДАЛИИ КУЧОНИ   (соли таваллудаш номаълум—вафоташ 1877), хушнавис ва донишманди форс. Аслан аз Кучон ном мавзеи Хуросон будааст. Лакаби Мухаммадалии Кучони «Санглох» бу­да, бештари осораш бо ин лакаб ва бо иловаи «Мирзо», яъне «Мирзо Санглох» боки мондаанд. Дар бораи зиндагии у маълумоти кофи нест. Мухаммадалии Кучони ба мамлакатхои бисёр, аз чумла Мовароуннахр, Афгонистон, Хиндустон ва Осиёи Хурд сафар карда, дар хар кадоми ин кишвархо осори хаттотии худро гузоштааст. Машхуртарин осори Мухаммадалии Кучони як китъаи дар санги мармар катибашудаи уст, ки барои он хашт сол кор кардааст (тули он 2 м 80 см ва арзаш 1 м 30 см). Мухаммадалии Кучони муаллифи асари дучилдаи «Тазкират-ул-хаттотии» (1874, Табрез) мебо­шад. Тазкираи номбурда ахвол ва осори хушвисони пешина ва муосири муаллифро дар бар гирифтааст, ки дорои ахамияти таърихи ва адабист. Мухаммадалии Кучони «Мачмаъ-ул-ансоф» ном мачмуае низ тартиб додааст. Он аз ашъори шоироне иборат аст, ки Мухаммадалии Кучониро васф кардаанд.

К. Махсумов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …