Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАД ИБНИ МАХМУДИ ИСФАХОНИ

МУХАММАД ИБНИ МАХМУДИ ИСФАХОНИ

nophotoМУХАММАД ИБНИ МАХМУДИ ИСФАХОНИ   (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), меъмор, хаттот ва наккоши асри 14 форс-точик. Мухаммад аз овони чавони ба санъатхои хаттоти, чадвалкаши ва наккоши шавк пайдо намуда, барои такмили хунар ба Шероз рафт. Мухаммад дар хаттотию наккоши шухрати тамом дошт ва ороишу китобати ду нусхаи девонхои Саъди ва Хофиз ба калами у мансуб аст (холо дар Нигористони Бодлйён). Мухаммад баробари хаттоти ва мусаввири чун меъмор ва бинокори забардаст низ шухрат дошт. Темур баъди забт кардани Исфахон уро дар катори дигар санъаткорон ба Самар­канд овард. Мухаммад дар Самарканд ба хаттотону наккошон ва меъморон сарвари мекард. Аз намунахои барчастаи хунари Мухаммад ороиши Гури Мир, сохтмону ороиши ансамбли хонакох ва мадрасаи Мухаммадсултон (такрибан 1404) дар Самарканд буда, дар он намунахои олии санъатхои наккоши, хатто­ти ва амали истифода шудааст. Махсусан, катибахои ин ёдгорихо хеле чо­либ буда, онхоро Мухаммад ба чо овардааст.

Ад.: П у г а ч е н и о в а Г. А., Р в м- п е л ь Л. И., Выдающиеся памятники ар­хитектуры Узбекистана, Ташкент, 1058: П у л а т о в М. С., Зодчий и эпоха, О НУ, М 8—0, 1060.

А. Рачабов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …