Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАД ИБНИ ХИНДУШОХИ НАХЧУВОНИ

МУХАММАД ИБНИ ХИНДУШОХИ НАХЧУВОНИ

nophotoМУХАММАД ИБНИ ХИНДУШОХИ НАХЧУВОНИ (соли таваллудаш 1288 — соли вафоташ номаълум), мунши, насрнавис, лугатнависи асри 14 форс-точик. Мухаммад дар дарбори писари Рашидуддини Фазлуллохи вазир — Гиёсуддини Рашиди мунши буд. Сипас ба хидмати султан Увайс (1356 —1374) дохил шуда, дар фанни иншо китобе бо номи «Дастул-ал-котиб фи таъин-ил-маротиб» (1365—1366) таълиф кард. Ин асар дар равшан сох­тани масъалахои таърих, иктисодиёт, сиёсату маданияти мамолики Шарки Наздики асрхои 13—14 сарчашмаи пуркимат аст. Онро муаррихи совети А. А. Ализода дар ду чузъ (ч. 1, 1962; ч. 2, 1973) дар Мо­сква ба табъ расонидааст. Мухаммад аз чумлаи нахустин лугатнависони форс- точик (баъди Катрони Табрези ва Асадии Туси) буда, дар таърихи илму адаби форс-точик бо тасвифи фархангхои «Сихох-ул-фурс» ва «Сихох-ул-Ачам» шухрат дорад. «Сихох- ул-фурс» соли 1962 дар Техрон ба табъ расидааст. «Сихох-ул-Ачам » лугати форси-араби-турки буда, аз он нусхахои дастнавис боки мондааст. Фарханг очерки грамматикии ин забонхоро низ дар бар гирифтааст.

Ад.: Заринеааде Г. Г., Персид­ские словаря «Сыхах-аль-Аджам» я «См- хах-ал-фурс». Тезисы докладов межву­зовской конференции по иранской фило­логии, Д., 1988.

С. Имронов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …