Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУХАММАД ИБНИ ФАЗЛ

МУХАММАД ИБНИ ФАЗЛ

nophotoМУХАММАД ИБНИ ФАЗЛ — (соли таваллуд номаълум — вафоташ 931, Самарканд), факехи форс-точик. Дар Балх таваллуд шуда, даврав тифли ва кудакиашро он чо гузаронидааст. Асосан дар Самарканд зиндаги, тахсил ва эчод кардааст. Илмхои расмии замовашро омухта, яке аз машхуртарин донишмандони ахди худ гаштааст. Дар мадрасахои Самарканд доир ба фикх дарс гуфта­аст. Доир ба оиладори, тарбияи фарзандон ва сохибмаълумот гардонидани онхо, ичрои вазифа акидахои диккатангез дорад. Мухаммад ибни Фотех шогирди Ахмади Хизруй (вафоташ 854), устоди олимони машхури асри худ Абулкосим Исхок ибни Мухаммади Самарканди ва Абумансури Самарканди мебошад. Шархи таълимоти Мухаммад ибни Фотех дар асархои шогирдони зикршудааш «Ас-савод-ул-аъзам фи-л-калом» («Асари бузург дар илми калом») ё «Ас-суол-ул-аъзам» («Саволномаи бу­зург»); «Китоб-ул-усул» («Китоби асосхо»); «Китоб-ут-тавхид», «Китоб- ул-манолот» сабт шудааст.

Ад.: Бартольд В. В., Соч., т. 2, ч. 1, М., 1983; Таги рд жанов А. Т., Описание таджикских я персидских ру­кописей восточного отдела библиотеки ЛГУ, Иад-во ЛГУ, 1962; Абдуллое в И., Хякматуллоев X., Самаркандлик олимлар. Ташкент, 1989.

                                У. Назиров.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …