Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАД ИБНИ БАЪЙС

МУХАММАД ИБНИ БАЪЙС

nophotoМУХАММАД ИБНИ БАЪЙС  (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 849/50), яке аз нахустин шоиронест, ки ба ду забон — форси ва араби шеър гуфтаанд. Ватани Мухаммад ибни Баъйс Эрони Гарбист. Вай ба сафи шуришгаро­ни зидди арабхо, ки сардораш Бобак буд, дохил шуд, вале баъдтар ба у хиёнат карда, ба тарафи мукобилони Бобак гузашт. Пас аз чанде худаш бар зидди халифа Мутаваккил шуриш бардошт, вале шикаст хурда асир афтод. Намунаи шеърхои арабии Мухаммад ибни Баъйс 12 байте мебошад, ки Табари дар «Таърих-ур-русул ва-л- мулук» овардааст. Табари китоберо хамчун санад ном мебарад, ки муаллифи он аз кухансолони шахри Марога шеърхои форсии Мухаммад ибни Баъйсро шунида будааст. Хамон кухансолон накл ме­кардаанд, ки Мухаммад ибни Баъйс часуру шучоъ, сохиби илму адаб будааст. В. В. Бартолд муътакид аст, ки ашъори Мухаммад ибни Баъйс, гарчанде дар замони Сомониён фаромуш шуда бошанд хам, бешубха, дар байни муосиронаш шухрат доштаанд.

Ад.: Бартольд В. В., Соч., т. VII, М., 1071.

            Г. Мардонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …