Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МУХАММАД ИБНИ АЛИ

МУХАММАД ИБНИ АЛИ

nophotoМУХАММАД ИБНИ АЛИ ибни Мухаммади Шабоякораи (таваллудаш 1298, Шабонкора — соли вафоташ номаълум), муаррих ва шоири форс- точик. Хидмати Хоча Риёсуддини пи­сари Рашидуддини Фазлуллохро адо мекард. Касоиди мадхие ба у бахшидааст. Соли 1333 ба таълифи китоби таърихи башар сар кард. Онро соли 1335 анчом дода ба Риёсуддин пешкаш кард, то у онро ба Абусаид — подшохи мугул бирасонад, вале Абусаид вафот кард ва китоби Мухаммад ибни Али дар натираи задухурде аз байн рафт. Мухаммад ибни Али китобро аз нав таълиф кард ва онро «Мачмаъ-ул-ансоб» номид. Ин асар таърихи умумист, ки вокеоти то охири подшохии Абусаид руйдодаро дар бар мегирад. Маълумоти дар бораи баъзе силсилахои подшохи овардан Мухаммад ибни Али дар таъриххои дигар ба назар намерасанд. Аз ин ки­тоб ду тахрир — яке нусхаи хачман хурд ва дигар нухсаи комилтар то замони мо расидааст, ки дар Ленин­град ва инчунин китобхонахои Бодлеану Кембрич (Алглия) махфузанд.

Ад.: С т о р и Ч. А., Персидская лите­ратура. Био-библиографический обзор, ч. 1 М 1072

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …