Маълумоти охирин
Главная / Илм / МУХАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРКАНДИ

МУХАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРКАНДИ

nophotoМУХАММАД ИБНИ АБУБАКРИ САМАРКАНДИ

(соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1197, Са­марканд), хукукшиноси форс-точик. Доир ба чараёни зиндагиаш маълумотхо каманд. Сарчашмахои дастрас хабар медиханд, ки давраи бачагии Мухаммад дар Самарканд гузаштааст. Сипас дар Бухоро тахсил мекунад. Аксар илмхои расмии замонашро аз бар намуда, хеле машхур мегардад ва хамчун яке аз намояндагони маданияту маърифати Осиёи Миёна ва Хуросон шинохта мешаванд. Баъзан ба Мухаммад нисбати Самарканди, Бухорои, Шарки, Куми хам медиханд, зеро дар ин чойхо зиндаги ва эчод кардааст. Мероси илмии Мухаммад аз «Шаръат-ул-ислом ило дор-ус-салом» («Дине, ки ба хонаи (чаннат) саломати мебарад») ба забони араби (соли таълифаш маълум нест) ва «Хидоя» иборат аст. Ин асархо масъалахои мухталифи дину шариат, конуну коидахои зиндаги, оиладори, муносибат дар оила, муносибати фарзандон ба ахли байт ва падару модар, худидоракуни ва гайраро дар бар мегиранд. Сарфи назар аз характери дини ва синфи доштанаш мероси Мухаммад барои тахкику тадкик ва равшан намудани баъзе масъалахои таърихи конуншиносии илмии точик аз ахамият холи нест. Асархои Мухаммад дар захираи дастнависхои Институти шаркшиносии АФ РСС Узбекистон (рак. 2459/1, 3735/1, 5588, 4803 (IV) махфузанд.

Ад.: Абдуллоев И.. Хикматул л о е в Самарканд олимлар, Тошкент. 1069, сах, 36.

У. Назиров

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …