Маълумоти охирин

МУГУЛ

mugulМУГУЛ, М е в а г у л, Мевагал, кухест дар шимоли Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон, дар сохили рости дарёи Сир. Мевагул (Мевагал) будани номи ин кухро хануз дар асри 14 Камоли Хучанди таъкид карда, дар яке аз газалхояш гуфтаст:

Дар илми мухаккикон чадал нест,

Аз илм мурод чуз амал нест…

Ин дур ва дар он кадар дарёст,

 В-ин лаъл ба кухи Мевагул нест…

Маълум мешавад, ки як вактхо дар Мугул дарахтони мевадор меруидаанд. Тули Мугул 35 километр, бараш 12—15 километр. Баландии кух ба хисоби миёна 1200—1300 метр, нуктаи баландтаринаш кухи Музбек (1624 метр). ДарШимол Мугулро пастхамии Мирзоработ аз кухи Каромазори каторкухи Курама чудо кардааст.

 Кух ба самти Чануб Fарб тадричан паст  шуда меравад. Мугул асосан аз грано-диорит ва чинсхои тахшинии синни  палеозой таркиб ёфтааст. Иклими Мугул континенти, хушк; тобистонаш гарм, зимистонаш хунук. Боришоти солона 200—250 миллиметр. Набототаш биёбони. Сарватхои зеризаминиаш волфрам, молибден. Дар доманаи кух дедахои Айрии Калон, Чорукдаррон ва гайра во-кеъ гаштаанд.    Х. Очилов.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …