Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / МУДОФИА АЗ ЯРОКИ КАТЛИ ОМ

МУДОФИА АЗ ЯРОКИ КАТЛИ ОМ

mudofia-az-yaroqМУДОФИА АЗ ЯРОКИ КАТЛИ ОМ, мачмуи чорабинихо барои мухофизати кушун, ахоли ва иншооти хочагии халк аз яроки ядрои, химияви ва бактериологи. Мухофизати кушунхо аз яроки катли ом аз тарафи хамаи фармондехон ва штабхо мувофики вазифахои зерин ташкил карда мешавад: ба таври максимали суст гардондани таъсири яроки ядрои, химияви ё бактериологи, ки душман истифода бурдааст; фавран баркарор кардани кобилияти чангии кушунхое, ки дучори зарбаи ин гуна хучумхо шудаанд; таъмини шароити амалиёт дар он районхое, ки ин ярок ба кор бурда шудааст. Мухофизати кушунхо аз чорабинихои зерин иборат аст: чобачогузории кушунхо Дар махалхо, маскировкаи дакик, хар замон иваз кардани мавзеъхое, ки кушунхо нигох дошта мешаваид, бо сигналхои махсус сари вакт огохонидани кушунхо аз захролудии радиоактиви, химияви ё бактериологии махал, истифодаи хайати шахси аз воситахои мудофиаи индивидуали, хандакхо, блиндажхо, панохгоххое, ки бо асбоби махсус тачхизонида шудаанд ва барои мухофизати аслиха, техника, ашьёи модди, руйпушхои гуногун лозиманд. Барои дарки он окибатхое, ки аз яроки катли ом cap задаанд, дар хатти амалиёти кушунхо ва мавзеъхои ишголкардаи онхо разведкаи радиациони, химияви ва бактериологи гузаронида мешавад. Бо рохи пешгуии (хисобхои назарияви) натичахои хучум талафоти хайати шахси, аслиха, техника, ашьёи модди, имкони захролудии махалхо, харобахо, сухтор, зери об мондан, хусусият ва микдори корхое, ки барои рафъи окибатхои хучум заруранд, тахмини муайян карда мешаванд. Чорахои зиддизиндеми, санитари-гигиени, профилактикаи махсус ва дигар тадбироти муоличави баргузор мегарданд. Ташкили назорати гирифтори шуоъхои радиоактивии хайати шахси, дарачаи захролудии одамон, ярок, техника, наклиёт, ашьёи модди ва обро аник менамояид. Тадбироти бархам додани окибатхои истифодаи яроки катли ом инхоянд: ёри расондан ба мачрухон, корхои начотдихи, тамйизи махсуси хайати шахсии кушунхо ва техникаи харби, баркарор намудани роххои манёври кушунхо ва пешгири кардани сухтор, мубориза ба мукобили беморихои сирояти дар махалли захролуд ва г. Мудофиа дар шахрхо ва иншооти хонагии халк авакуацияи кисми ахолии мавзеъхое, ки дар зери хавфи хучуми эхтимоли мебошанд, таъмини ахоли бо панохгоху гурезгоххо ва асбоби индивидуалии мухофизат, гузаронидани чорабинихои профилактики, санитари-гигиени ва г-ро дар бар мегирад. Мухофизати шахрхо ва иншооти хонагии халк дар системаи умумидавлатии чорабинихои мудофиави ташкил карда мешавад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …