Маълумоти охирин

МУБОЛИГА

МУБОЛИГА, муболага (ар.  — зиёд нишон додан), аз санъатхои бадеии маънавист, ки хам дар адабиёти классики ва хам дар адабиёти советии точик бисьёр истифода мешавад. Шоир ё носир дар мидхат ё мазаммат чандон муболига намояд, ки аз хадди эътидол бигзарад ва исботи он аз мухолот бошад ва ин бар се кисм аст: таблиг, игрок ва гулув. 1) Таблиг, муболигаест, ки ба киёс наздик ё ба вукуъ омаданаш мумкин бошад, чунончи:

Сиёхе ба кирдори нахли баланд,

Харосон аз у дидаи нахлбанд.

(Низоми).

2) Игрок, муболигаест ба киёс наздик, аммо ба вукуъ омаданаш мумкин набошад. Мисол:

Гар чарад дар чамани хусни ту занбури асал,

Чи ачаб, гар зи гули шамъ бигиранд гулоб.

3) Гулув, муболигаест хилофи киёс ва ба вукуъ омаданаш хам мумкин набошад. Мас.:

Эи сумми сутурон дар он пахндашт,

Замин шаш шуду осмон гашт хашт.

(Фирдавси).

Муболига воситаи асосии тасвир дар афсонахои халки, асотир ва достонхои кахрамони будааст. Тасвири амалиёт ва симои кахрамонон дар «Шохнома»-и Фирдавси ва «Шохнома»-хои дигар саросар муболнгаомез аст. Дар адабиёти классикии точик буньёди касида хам, ки тасвири он тавсифист, ба тасвирхои муболигаомез асос меёбад. Муболига воситаи асосии офаридани асархои накли хам мебошад. Мас., С. Айни дар тасвири образи Кори Ишкамба («Марги судхур») аз санъати Муболига басо мохирона истифода бурдааст.

Ад.: Зехни Т., Санъати сухан, Д., 1979;

  1. X. Шарифов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …