Маълумоти охирин

«МУБОХИСОТ»

«МУБОХИСОТ» (ар.— чамъи мубохиса), рисолаи Ибни Сино. ки масъалахои гуногуни фалсафиро дар бар мегирад. «Мубохисот» тартибу низоми муайяне надошта, мачмуи саволхоест, ки аксари онхоро шогирди Ибни Сино Бахманёр Ибни Марзбон, як кисмашро Абумансур Пони Зайла ва дигарон тартиб додаанд. Ибни Сино ба масъалахои мухталифи фалсафи, аз чумла рочеъ ба муаммои вучуд, чавхархои муфорик (аз модда ори), таъсири мизоч ва г. чавоб додааст. Бо вучуди парокандаги чавобхои мазкур барои фахму дарки баъзе лахзахои чузъии фаъолияту эчодиёти Ибни Сино, нуктахои норавшани чахонбинии у ва тавзехи баъзе сахифахои хаёти илмию маънавии асримиёнаги ва муборизахои гояви ахамияти муфид доранд.

Ф. Сирочов,

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …